YouVersion Logo
Search Icon

Инҷили Луқо 23

23
БОБИ БИСТУ СЕЮМ
Исо ба ҳузури Пилотус.
1Ва тамоми аҳли маҷлисашон бархоста, Ӯро назди Пилотус бурданд.
2Ва ба айбдор кардани Ӯ шурӯъ намуда, гуфтанд: «Мо ёфтаем, ки Ӯ қавми моро фосид мекунад, ба қайсар ҷизья додан намемонад ва Худро Подшоҳ Масеҳ меномад».
3Пилотус аз Ӯ пурсид: «Оё Ту Подшоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» Ӯ ҷавоб дода, гуфт: «Ту мегӯӣ».
4Пилотус ба саркоҳинон ва ба мардум гуфт: «Дар Ин Одам ҳеҷ айбе намеёбам».
5Лекин онҳо исрор намуда, мегуфтанд, ки Ӯ қавмро ба ошӯб меоварад ва дар тамоми Яҳудо, аз Ҷалил гирифта то ин ҷо, таълим медиҳад.
Исо дар тергави Ҳиродус.
6Вақте ки Пилотус инро шунид, савол дод: «Магар Ӯ ҷалилист?»
7Ва чун донист, ки Ӯ аз вилояти Ҳиродус аст, Ӯро назди Ҳиродус равона кард, ки вай низ дар он рӯзҳо дар Ерусалим буд.
8Ҳиродус Исоро дида, хеле хурсанд шуд, зеро ки кайҳо боз Ӯро дидан мехост, чунки овозаи Ӯро шунида буд ва умед дошт, ки аз Ӯ мӯъҷизе бубинад.
9Ва ба Ӯ саволҳои бисьёре дод; аммо Ӯ ба вай ҳеҷ ҷавоб надод.
10Саркоҳинон ва китобдонон истода, бо тамоми ҷидду ҷаҳд Ӯро айбдор мекарданд.
11Ва Ҳиродус бо сарбозони худ Ӯро басо таҳқир ва тамасхур карда ва либоси дурахшоне бар Ӯ пӯшонда, назди Пилотус гардонда фиристод.
12Дар ҳамон рӯз Пилотус ва Ҳиродус бо ҳамдигар дӯст шуданд, зеро ки пештар онҳо ба якдигар адоват доштанд.
Исо боз ба ҳузури Пилотус.
Бараббос озод шуд, Исо маҳкум гардид.
13Пилотус саркоҳинон, сардорон ва мардумро хонда,
14Ба онҳо гуфт: «Ин Одамро ҳамчун фосидкунандаи қавм назди ман овардед; ва инак, ман дар пеши назари шумо тафтиш кардам ва дар Ин Одам аз он айбҳое ки шумо ба гардани Ӯ мепартоед, чизе наёфтам;
15Ҳамчунин Ҳиродус наёфтааст: зеро ки ман Ӯро назди вай фиристода будам, ва дар Ӯ ҳеҷ гуноҳи сазовори марг ёфт нашудааст;
16Пас, Ӯро ҷазо дода, озод мекунам».
17Ва вай лозим буд, ба муносибати ид, касеро барои онҳо озод кунад.
18Аммо мардум саросар фарьёд зада, гуфтанд: «Ӯро қатл кун! Барои мо Бараббосро озод кун».
19Бараббос барои исьён ва қатле ки дар шаҳр рӯй дода буд, дар зиндон андохта шуда буд.
20Боз Пилотус ба онҳо сухан ронд, зеро ки мехост Исоро озод кунад.
21Лекин онҳо фарьёд зада, гуфтанд: «Ӯро маслуб кун, маслуб кун!»
22Бори сеюм вай ба онҳо гуфт: «Ӯ чӣ бадӣ кардааст? Ҳеҷ гуноҳи сазовори марг дар Ӯ наёфтам; пас, Ӯро ҷазо дода, озод мекунам».
23Вале онҳо бо фарьёди баланд исрор намуда, талаб карданд, ки Ӯ маслуб шавад; ва фарьёди онҳо ва саркоҳинон ғолиб омад.
24Ва Пилотус қарор дод, ки аз рӯи талаби онҳо амал кунад,
25Ва шахсеро, ки барои исьён ва қатл дар зиндон нишаста буд, мувофиқи хоҳиши онҳо озод кард; ва Исоро ба иҳтиёри онҳо супурд.
26Вақте ки Ӯро бурданд, Шимъӯн ном шахсеро, ки аз Қурин буд ва аз саҳро меомад, даст гирифта, салибро бар китфаш гузоштанд, то ки аз ақиби Исо бардошта барад.
Исо маслуб шуд.
27Ва шумораи азими мардум ва заноне ки барои Ӯ гирья ва навҳа мекарданд, аз ақиби Ӯ равона шуданд.
28Ва Исо ба онҳо рӯ оварда, гуфт: «Эй дуҳтарони Ерусалим! Барои Ман гирья накунед, балки барои худатон ва фарзандонатон гирья кунед;
29Зеро айёме меояд, ки хоҳанд гуфт: „Хушо нозоён, ва шикамҳое ки назоидаанд, ва пистонҳое ки шир надодаанд!“
30Он вақт ба кӯҳҳо хоҳанд гуфт: „Бар мо биафтед!“ ва ба теппаҳо: „Моро бипӯшонед!“
31Зеро, агар бо дарахти сарсабз чунин кунанд, бо дараҳти хушк чиҳо хоҳанд кард?»
32Ду ҷинояткорро низ бо Ӯ барои куштан мебурданд.
33Ва чун ба ҷое ки Косахонаи сар ном дорад, расиданд, дар он ҷо Ӯро, ва он ҷинояткоронро — яке аз дасти росташ ва дигаре аз дасти чапаш — маслуб карданд.
34Исо гуфт: «Эй Падар! Инҳоро биомурз, зеро ки намедонанд чӣ мекунанд». Ва либоси Ӯро қуръа партофта, тақсим карданд.
35Ва мардум истода, тамошо мекарданд. Сардорон низ бо якҷоягии онҳо масхаракунон мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медод, бигзор Худро наҷот диҳад, агар Ӯ Масеҳи баргузидаи Худо бошад».
36Сарбозон низ Ӯро истеҳзо мекарданд ва наздик омада, ба Ӯ сирко медоданд
37Ва мегуфтанд: «Агар Ту Подшоҳи Яҳудиён бошӣ, Худро наҷот деҳ».
38Дар болои сари Ӯ ба забонҳои юнонӣ, румӣ ва ибронӣ чунин лавҳае навишта овехта буданд: «Ин аст Подшоҳи Яҳудиён».
Имон овардани роҳзан.
39Ва яке аз ҷинояткорони маслубшуда Ӯро дашном дода, мегуфт: «Агар Ту Масеҳ бошӣ, Худро ва моро наҷот деҳ».
40Аммо дигаре, баръакс, вайро мазаммат намуда, гуфт: «Оё ту аз Худо наметарсӣ, дар сурате ки худат низ ба ҳамин ҷазо маҳкум шудаӣ?
41Ҷазои мо аз рӯи инсоф аст, чунки мукофоти амали худро гирифтаем; лекин Ӯ ҳеҷ бадӣ накардааст».
42Ва ба Исо гуфт: «Эй Худованд, вақте ки ба Малакути Худ бирасӣ, маро ба ёд овар!»
43Ва Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки имрӯз бо Ман дар биҳишт хоҳӣ буд».
44Тақрибан соати шашуми рӯз буд, ва тамоми заминро то соати нӯҳум торикӣ фаро гирифт:
45Офтоб тира шуд, ва пардаи маъбад ду пора шуд.
Мамоти Исо.
46Ва Исо бо овози баланд нидо карда, гуфт: «Эй Падар! Рӯҳи Худро ба дасти Ту месупорам». Ва инро гуфта, ҷон дод.
47Мирисад ин ҳодисаро дида, Худоро ҳамду сано хонд ва гуфт: «Ҳақиқатан Ин Одам Одил буд».
48Ва тамоми мардуме ки барои ин тамошо ҷамъ омада буданд, пас аз дидани ин моҷаро синазанон гашта рафтанд.
49Вале ҳамаи шиносҳои Ӯ ва заноне ки аз Ҷалил Ӯро пайравӣ намуда омада буданд, аз дур истода, инро медиданд.
Дафни Исо.
50Ва инак, Юсуф ном шахс, узви шӯро, марди нек ва одил,
51Ки бо қарор ва кори онҳо розӣ набуд, ва аз Ҳаромот ном шаҳри Яҳудо буда, худаш низ интизори Малакути Худо буд,
52Назди Пилотус омада, Ҷасади Исоро талаб кард;
53Ва онро поён фуроварда, ба катон печонд ва ба қабре ниҳод, ки аз санг тарошида шуда буд, ва то ҳол ҳеҷ кас дар он гузошта нашуда буд.
54Он рӯз рӯзи ҷумъа буд ва шанбе фаро мерасид.
55Ва заноне ки ҳамроҳи Исо аз Ҷалил омада буданд, аз дунболи вай рафтанд ва қабрро, ва чӣ гуна дар он Ҷасади Ӯ гузошта шуд, диданд;
56Ва чун баргаштанд, ҳанут ва равғани атрафшон тайёр карданд; ва рӯзи шанбе, мувофиқи ҳукми шариат, истироҳат карданд.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy