Матто* 3

3
Насиҳати Яҳё дар биёбон
1Пас аз чанд сол марде бо номи Яҳёи Таъмиддиҳанда ба биёбони Яҳудия рафта, мардумро насиҳат карда мегуфт: 2«Тавба кунед ва аз гуноҳ даст кашед, зеро Подшоҳии Худо наздик аст».
3Яҳё ҳамонест, ки Ишаъё пайғамбар дар борааш гуфта буд:
«Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд:
„Барои Худованд роҳро тайёр кунед ва онро рост намоед!“»#3:3 Ишаъё 40:3
4Либоси Яҳё аз пашми шутур, камарбанди ӯ аз чарм ва хӯрокаш малаху асали саҳроӣ буд.
5Мардум аз шаҳри Уршалиму саросари сарзамини Яҳудия ва аз тамоми гирду атрофи дарёи Урдун назди Яҳё меомаданд. 6Онҳо ба гуноҳҳои худ иқрор мешуданд ва Яҳё онҳоро ҳамчун рамзи шуста шудани гуноҳҳо дар оби дарёи Урдун таъмид медод.
7Инчунин бисёр намояндагони равияҳои фарисӣ ва саддуқӣ барои таъмид гирифтан назди Яҳё омаданд. Яҳё онҳоро дида гуфт: «Эй морзодагон! Кӣ шуморо огоҳ кард, ки аз ҷазои дарпешистодаи Худо гурехта метавонед?! 8-9 Ҳатто фикр накунед, ки ба сабаби аз насли Иброҳим буданатон ҷазо намебинед. Зеро ба шумо мегӯям, ки Худо аз ин сангҳо барои Иброҳим насл ба вуҷуд оварда метавонад. Пас тавба кунед ва самаре оваред, ки тавбаи шуморо нишон диҳад! 10Табар аллакай бар решаи дарахтон гузошта шудааст ва ҳар дарахте, ки самари хуб намеоварад, бурида ба оташ партофта мешавад. 11Ман шуморо ҳамчун шаҳодати он ки тавба кардаед, бо об таъмид медиҳам, аммо Касе, ки баъд аз ман меояд, шуморо бо Рӯҳулқудс ва бо оташ таъмид медиҳад. Ӯ аз ман басо тавонотар аст ва Ман ҳатто сазовори он нестам, пойафзори Ӯро бардорам. 12Дар дасти Ӯ барои бод додани гандум сешоха тайёр аст. Ӯ хирманашро тоза карда, гандуми Худро ба анбор ҷамъ мекунад, вале каҳро дар оташи хомӯшнашаванда месӯзонад».
Таъмид гирифтани Исо
13Дар ин вақт Исо аз вилояти Ҷалил назди дарёи Урдун омад, то ки аз Яҳё таъмид гирад. 14Лекин Яҳё Ӯро аз ин кор боздоштанӣ шуда гуфт: «Ман бояд аз Ту таъмид бигирам, Ту бошӣ, назди ман омадӣ!» 15Исо ба вай ҷавоб дод: «Бигзор чунин бошад, зеро мо бояд ҳама корҳои дурустро ба амал биорем». Баъд Яҳё розӣ шуд.
16Ҳамин ки Исо таъмид гирифта аз об баромад, дарҳол осмон ба Ӯ кушода шуд. Яҳё Рӯҳи Худоро дид, ки мисли кабӯтар фаромада, дар болои Ӯ қарор гирифт ва 17аз осмон овозе омад: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз Ӯ хеле хушнудам».

S'ha seleccionat:

Матто* 3: KMO

Subratllat

Comparteix

Copia

None

Vols que els teus subratllats es desin a tots els teus dispositius? Registra't o inicia sessió

YouVersion utilitza galetes per personalitzar la teva experiència. En utilitzar el nostre lloc web, acceptes el nostre ús de galetes tal com es descriu a la nostra Política de privadesa