Кист, ки обҳоро бо мушташ андоза намудааст,
ва афлокро бо ваҷаб паймудааст,
ва хоки заминро дар ченаке гунҷонидааст,
ва кӯҳҳоро бо каппон
ва теппаҳоро бо паллаи тарозу баркашидааст?
Кист, ки рӯҳи Худовандро андоза намудааст,
ва мушовири Ӯ гардидааст, ва Ӯро таълим додааст?
Ӯ бо кӣ машварат кардааст, ва кист, ки ба Ӯ
хирад бахшидааст,
ва тариқи адлу инсофро ба Ӯ таълим додааст,
ва ба Ӯ дониш омӯхтааст, ва роҳи дурустиҳоро
ба Ӯ ёд додааст?