Аъмоли Ҳаввориён 13
13
БОБИ СЕЗДАҲУМ
Рӯҳулқудс Павлус ва Барнабборо даъват менамояд.
1Дар калисои Антиёҳия якчанд нафар анбиё ва муаллимон буданд, чунончи: Барнаббо ва Шимъӯн, ки лақабаш Ниҷар буд, ва Лукюси Қуринӣ ва Маноҳим, ки бо тетрарҳ Ҳиродус дар як ҷо тарбият ёфта калон шуда буд, ва Шоул.
2Вақте ки онҳо ба ибодати Худованд ва рӯзадорӣ машғул буданд, Рӯҳулқудс гуфт: «Барнаббо ва Шоулро аз баҳри коре ки барояш онҳоро даъват намудаам, ба Ман ҷудо кунед».
Сафари якуми Павлус ба ҷазираи Қаприс.
3Баъд аз рӯза гирифтан ва дуо гуфтан даст бар сари онҳо гузоштанд ва онҳоро равона карданд.
4Онҳо, ки фиристодагони Рӯҳулқудс буданд, ба Салукия омаданд ва аз он ҷо бо киштӣ ба Қаприс рафтанд
5Ва вориди Саломис шуда, дар куништҳои яҳудиён каломи Худоро мавъиза карданд; Юҳанно низ мулозими онҳо буд.
Муқобилияти Алимои ҷодугар.
6Чун тамоми ҷазираро то ба Пофус тай карданд, як ҷодугари яҳудиро ёфтанд, ки набии козиб буд ва Барюшаъ ном дошт;
7Ӯ бо волӣ Сарҷиюс Павлус ҳамнишин буд. Волӣ, ки марди бофаҳм буд, Барнаббо ва Шоулро даъват намуда, хост каломи Худоро бишнавад.
8Аммо Алимои чодугар, ки тарҷимаи номаш чунин аст, ба онҳо мухолифат карда, хост волиро аз имон овардан боздорад.
9Вале Шоул, ки Павлус низ ном дошт, аз Рӯҳулқудс пур шуда, ба ӯ назар дӯхт
10Ва гуфт: «Эй манбаи ҳар макру шарорат, эй фарзанди иблис ва душмани ҳама гуна адолат! Оё аз роҳи рости Худованд баровардани мардумро бас намекунӣ?
11Ҳоло дасти Худованд туро хоҳад зад, ва нобино гашта, нури офтобро то муддате нахоҳӣ дид». Ногаҳон дуньё дар назараш тираву тор шуд, ва ӯ ба ҳар сӯ рӯ оварда, асокаше меҷуст.
12Чун волӣ ин ҳодисаро дид, аз таълими Худованд мутаҳайир шуда, имон овард.
13Павлус ва ҳамроҳонаш Пофусро тарк карда, бо киштӣ ба Пирҷаи Памфилия омаданд, аммо Юҳанно аз онҳо ҷудо шуда, ба Ерусалим баргашт.
Мавъизаи Павлус дар куништи Писидия.
14Онҳо аз Пирҷа гузашта, ба Антиёҳияи Писидия расиданд ва рӯзи шанбе ба куништ даромада, нишастанд.
15Баъд аз қироати Таврот ва суҳафи анбиё, сардорони куништ назди онҳо кас фиристода, гуфтанд: «Эй бародарони азиз! Агар каломи насиҳатомезе барои қавм дошта бошед, бигӯед».
16Павлус барҳоста ва бо дасташ ишора карда, гуфт: «Эй мардони исроилӣ ва худотарсон! Гӯш диҳед:
17Худои қавми Исроил падарони моро баргузид ва ин қавмро, ҳангоме ки дар ғурбати замини Миср буданд, сарафроз кард, ва онҳоро бо бозуи зӯрманд аз он ҷо берун овард;
18Қариб чиҳил сол онҳоро дар биёбон ғизо дод;
19Ҳафт қавмро дар замини Канъон несту нобуд карда, заминашонро ҳамчун мерос ба онҳо тақсим кард,
20Дар давоми тақрибан чорсаду панҷоҳ сол. Пас аз он, то замони Самуили набӣ, доваронро ба онҳо бахшид;
21Сонӣ барои худ подшоҳ талабиданд, ва Худо Шоул ибни Кисро аз сибти Биньёмин ба онҳо дод, ки муддати чиҳил сол салтанат ронд;
22Вақте ки ӯро аз миён бардошт, Довудро бар онҳо подшоҳ таъин кард ва дар ҳаққи ӯ шаҳодат дода, гуфт: „Довуд ибни Йисойро мувофиқи табъи дили Худ ёфтам, ки ӯ тамоми хостаи Маро ба ҷо хоҳад овард“.
23Ин ҳамон касест, ки Худо аз насли ӯ, мувофиқи ваъдаи Худ, барои Исроил Наҷотдиҳандае, яъне Исоро ба миён овард;
24Пеш аз омадани Ӯ Яҳьё ба тамоми қавми Исроил таъмиди тавбаро мавъиза кард.
25Чун Яҳьё ҳизмати худро анҷом дод, гуфт: „Ман он касе ки шумо гумон мекунед, нестам; лекин баъд аз ман Касе меояд, ки ман сазовори он нестам, ки банди пойафзоли Ӯро воз кунам“.
26Эй бародарон, эй фарзандони насли Иброҳим ва касоне ки аз байни шумо худотарс ҳастанд! Каломи ин наҷот ба шумо фиристода шудааст.
27Зеро ки сокинони Ерусалим ва сардорони онҳо Ӯро нашинохта ва маҳкум карда, гуфтаҳои анбиёро, ки ҳар рӯзи шанбе қироат мешавад, ба иҷро расонданд,
28Ва гарчанде ки аз Ӯ ҳеҷ айби сазовори марг наёфта буданд, аз Пилотус хоҳиш карданд, ки Ӯро бикушад;
29Пас аз он ки ҳар чизи дар бораи Ӯ навишташударо ба иҷро расонданд, Ӯро аз салиб фуроварда, ба қабр супурданд.
30Лекин Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё кард,
31Ва Ӯ рӯзҳои бисьёр ба касоне зоҳир шуд, ки ҳамроҳи Ӯ аз Ҷалил ба Ерусалим омада буданд ва ҳоло дар пеши қавм шоҳидони Ӯ мебошанд.
32Мо ба шумо башорат медиҳем, ки Худо ваъдаеро, ки ба падарони мо дода буд, барои мо, фарзандони онҳо, ба иҷро расонда, Исоро эҳьё кард,
33Чунон ки дар таронаи дуюми Забур навишта шудааст: „Ту Писари Ман ҳастӣ, Ман имрӯз Падари Ту шудаам“.
34Дар бораи он ки Ӯро аз мурдагон эҳьё кард, то ки дигар ба фано дучор нашавад, чунин гуфт: „Марҳаматҳои боэътимоди Довудро ба шумо хоҳам бахшид“.
35Бинобар ин дар ҷои дигар низ мегӯяд: „Нахоҳӣ гузошт, ки Қуддуси Ту фаноро бубинад“.
36Довуд дар замони худ бо иродати Худо хизмат карда, вафот ёфт ва ба падарони худ пайваст ва фаноро дид;
37Аммо Он Касе ки Худо Ӯро эҳьё кард, фаноро надид.
38Пас, эй бародарон, ба шумо маълум бод, ки ба воситаи Ӯ ба шумо омурзиши гуноҳҳо эълон мешавад,
39а аз ҳар чизе ки ба василаи шариати Мусо сафед шуда натавонистед, ҳар имондор ба василаи Ӯ сафед хоҳад шуд.
40Пас эҳтиёт бошед, мабодо он чи дар суҳафи анбиё гуфта шудааст, ба шумо рӯй диҳад:
41„Эй мутанаффирон, бингаред ва тааҷҷуб намоед ва маҳв шавед,
зеро ки Ман амалеро дар айёми шумо содир менамоям,
амале ки агар касе онро ба шумо нақл мекард,
бовар намекардед“».
42Вақте ки яҳудиён аз куништ баромаданд, гайрияҳудиён хоҳиш карданд, ки рӯзи шанбеи оянда низ ин суҳанонро ба онҳо бигӯянд;
43Чун аҳли куништ пароканда шуданд, бисьёре аз яҳудиён ва онҳое ки чанде пеш дини яҳудиро қабул карда буданд, аз паи Павлус ва Барнаббо рафтанд, ва ин ду нафар ба онҳо сухан гуфта, тарғиб менамуданд, ки дар файзи Худо устувор бошанд.
44Рӯзи шанбеи дигар қариб тамоми аҳли шаҳр ҷамъ омаданд, то ки каломи Худоро бишнаванд;
45Вале чун яҳудиён издиҳоми мардумро диданд, аз ҳасад пур гаштанд ва куфр гуфта, ба суханони Павлус мухолифат карданд.
Павлус ва Барнаббо назди халқҳо мераванд.
46Он гоҳ Павлус ва Барнаббо далер шуда, гуфтанд: «Воҷиб буд, ки каломи Худо аввал ба шумо мавъиза карда шавад, лекин азбаски шумо онро рад кардед ва худро шоистаи ҳаёти ҷовидонӣ надонистед, бинобар ин мо ба гайрияҳудиён рӯ меоварем;
47Зеро ки Худованд ба мо чунин амр фармудааст:
„Туро нури халқҳо гардондам,
то ки Ту то ақсои замин василаи наҷот бошӣ“».
48Вақте ки гайрияҳудиён инро шуниданд, шод шуда, каломи Худовандро ҳамду сано хонданд, ва ҳамаи онҳое ки барои ҳаёти ҷовидонӣ пешакӣ таъин шуда буданд, имон оварданд,
49Ва каломи Худованд дар тамоми он сарзамин интишор ёфт.
50Яҳудиён занони диндору иззатманд ва акобири шаҳрро ба шӯр оварда, барои таъқиб кардани Павлус ва Барнаббо барангехтанд ва онҳоро аз он ноҳия ронданд.
51Аммо ин ду нафар, ғубори пойҳои худро бар онҳо афшонда, ба Иқуния равона шуданд,
52Ва шогирдон аз шодӣ ва Рӯҳулқудс пур шуданд.
ప్రస్తుతం ఎంపిక చేయబడింది:
Аъмоли Ҳаввориён 13: KM92
హైలైట్
షేర్ చేయి
సరిపోల్చండి
కాపీ
మీ పరికరాలన్నింటి వ్యాప్తంగా మీ హైలైట్స్ సేవ్ చేయబడాలనుకుంటున్నారా? సైన్ అప్ చేయండి లేదా సైన్ ఇన్ చేయండి
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.