Аъмоли Ҳаввориён 12

12
БОБИ ДУВОЗДАҲУМ
Таъқиботи панҷум дар подшоҳии Ҳиродуси Ағрипоси 1.
Ҳабс шудани Петрус.
1Дар он замон подшоҳ Ҳиродус дасти тааддӣ бар баъзе аз аҳли калисо дароз кард, то ки онҳоро азоб диҳад.
2Ва Яъқуб, бародари Юҳанноро ба шамшер кушт;
3Чун дид, ки ин ба яҳудиён писанд афтод, Петрусро низ дастгир кард, ки ин дар айёми иди фатир буд,
4Ва ӯро гирифта, ба зиндон андохт ва ба чор дастаи чоргонаи сарбозон супурд, ки ӯро посбонӣ кунанд, зеро ният дошт, ки баъд аз иди фисҳ ӯро назди қавм берун оварад.
Дуои калисо дар бораи Петрус.
Фариштаи Худо.
5Пас, Петрусро дар зиндон нигоҳ медоштанд, аммо аҳли калисо барои ӯ назди Худо пайваста дуо мегуфтанд.
6Дар ҳамон шабе ки Ҳиродус касди берун овардани ӯро дошт, Петрус, бастаи ду занҷир, дар миёни ду сарбоз ҳобида буд, ва дарбонон зиндонро посбонӣ мекарданд.
7Ва инак, фариштаи Худованд назди ӯ ҳозир шуд, ва рӯшноӣ дар он ҳона дурахшид; ба паҳлуи Петрус зада, ӯро бедор кард ва гуфт: «Зуд барҳез». Дарҳол занҷирҳо аз дастҳояш афтод.
8Фаришта ба ӯ гуфт: «Камари худро бибанд ва кафш бар пой кун». Ва чунин кард. Сонӣ ба ӯ гуфт: «Ҷомаи худро бипӯш ва аз қафои ман биё».
9Берун омада, аз қафои вай равона шуд, ва надонист, ки он чи аз фаришта содир шуд, воқеист, балки гумон мекард, ки ин рӯъёест.
10Аз пеши посбонони аввал ва дуюм гузашта, ба дарвозаи оҳанине ки ба сӯи шаҳр мебурд, расиданд, ва он худ аз худ пеши рӯи онҳо кушода шуд; онҳо берун рафта, аз як кӯча гузаштанд, ки ногаҳон фаришта аз пеши ӯ нопадид шуд.
11Петрус ба худ омада, гуфт: «Акнун яқин донистам, ки Худованд фариштаи Худро фиристода, маро аз дасти Ҳиродус ва аз он чи қавми яҳудӣ чашм доштанд, раҳо кард».
12Инро аз фикри худ гузаронда, ба ҳонаи Марьям, модари Юҳанно, ки лақабаш Марқӯс буд, омад, ки дар он ҷо касони бисьёре ҷамъ шуда, дуо мегуфтанд.
13Вақте ки дарвозаро кӯфт, Рудо ном канизе баромад, то ки воз кунад,
14Ва овози Петрусро шиноҳта, ба ҷои он ки дарвозаро кушояд, аз шодӣ ба ҳона давида даромад ва хабар дод, ки Петрус назди дарвоза истодааст.
15Ба вай гуфтанд: «Магар девона шудаӣ?» Аммо вай ба гапаш исрор кард. Гуфтанд: «Ин фариштаи ӯст».
16Аммо Петрус пайваста тақ‐тақ мекард; вақте ки кушоданд, ӯро дида, дар ҳайрат афтоданд.
17Ӯ бо дасташ ишорат кард, ки хомӯш бошанд, ва ба онҳо нақл кард, ки чӣ гуна Худованд ӯро аз зиндон берун овард; ва гуфт: «Инро ба Яъқуб ва ба бародарон ҳабар диҳед». Сонӣ берун баромада, ба ҷои дигар рафт.
18Чун субҳ дамид, изтироби бузурге дар байни сарбозон афтод, ки Петрусро чӣ шуд,
19Ва Ҳиродус, чун ӯро талабида наёфт, посбононро истинтоқ карда, фармуд, ки онҳоро ба қатл расонанд, ва худаш аз Яҳудо ба Қайсария рафта, дар он ҷо иқомат кард.
Заволи Ҳиродус.
20Ҳиродус ба мардуми Сӯр ва Сидӯн бисьёр ҳашмгин буд, ва онҳо, маслиҳатро ба як ҷо монда, назди ӯ омаданд ва Блостусро, ки нозири ҳобгоҳи подшоҳ буд, ба тарафи худ кашида, талаби сулҳ карданд, чунки диёрашон аз кишвари подшоҳ асбоби маишат меёфт.
21Дар рӯзи таъиншуда Ҳиродус либоси шоҳона дар бар кард ва бар маснади хукумат нишаста, ба онҳо нутқ кард,
22Ва мардум нидо карда гуфтанд, ки ин овози Худост, на овози инсон.
23Лекин баногоҳ фариштаи Худованд ӯро зад, зеро ки ӯ Худоро ҷалол надод, ва кирмҳо ӯро хӯрданд, ва ӯ мурд.
24Аммо каломи Худо торафт бештар интишор меёфт.
25Барнаббо ва Шоул, баъд аз иҷрои хизматашон, аз Ерусалим баргаштанд, ва Юҳанноро, ки лақабаш Марқӯс буд, ҳамроҳи худ оварданд.

ప్రస్తుతం ఎంపిక చేయబడింది:

Аъмоли Ҳаввориён 12: KM92

హైలైట్

షేర్ చేయి

సరిపోల్చండి

కాపీ

None

మీ పరికరాలన్నింటి వ్యాప్తంగా మీ హైలైట్స్ సేవ్ చేయబడాలనుకుంటున్నారా? సైన్ అప్ చేయండి లేదా సైన్ ఇన్ చేయండి

Аъмоли Ҳаввориён 12 కోసం వీడియో