Аъмоли Ҳаввориён 14
14
БОБИ ЧОРДАҲУМ
Хизматгузорӣ дар Иқуния.
1Дар Иқуния бо ҳам ба куништи яҳудиён даромада, тавре сухан гуфтанд, ки шумораи зиёде аз яҳудиён ва юнониён имон оварданд.
2Аммо яҳудиёне ки имон наоварда буданд, дилҳои гайрияҳудиёнро шӯронида, ба муқобили бародарон барангехтанд.
3Муддати дарозе дар он ҷо монда, дар бораи Худованд далерона сухан мегуфтанд, ва Ӯ ба каломи файзи Худ шаҳодат дода, ба василаи онҳо аломоту мӯъҷизот ато мекард.
4Дар ин миён мардуми шаҳр ду тақсим шуданд, ки як қисмашон тарафдори яҳудиён ва қисми дигарашон тарафдори ҳаввориён буданд.
5Вақте ки гайрияҳудиён ва яҳудиён бо сардорони худ ба онҳо ҳуҷум оварданд, то ки онҳоро тамасхур ва сангсор кунанд,
Хизматгузорӣ дар Дарба ва Лустра.
6Онҳо огоҳӣ ёфта, ба Лустра ва Дарба, шаҳрҳои Лекония ва атрофи он фирор карданд,
7Ва дар он чо башорат медоданд.
Дар Лустра шифо ёфтани марде ки пойҳояш беҳаракат буд.
8Дар Лустра марде нишаста буд, ки пойҳояш беҳаракат буд ва аз шиками модар ланг буда, ҳаргиз роҳ нарафта буд.
9Вай сухани Павлусро мешунид; Павлус ба вай нигарист ва чун дид, ки имон ба шифо дорад,
10Бо овози баланд ба вай гуфт: «Бар пойхои худ рост биист». Вай дарҳол ҷаста хесту ба роҳ рафтан даромад.
11Вақте ки мардум ин амали Павлусро диданд, овози худро баланд карда, ба забони леконӣ гуфтанд: «Худоён ба сурати инсон назди мо фуромадаанд».
12Барнабборо Зевс ва Павлусро Ҳермис номиданд, зеро ки ӯ сарвари нотиқон буд.
13Коҳини маъбади Зевс, ки дар беруни шаҳр воқеъ буд, барзаговон ва тоҷҳои гул назди дарвозаи шаҳр овард ва мехост бо якҷоягии мардум қурбонӣ кунад.
14Ҳамин ки ҳаввориён Барнаббо ва Павлус инро фаҳмиданд, ҷомаҳои худро дарронида, ба миёни мардум давида даромаданд ва фарьёд зада гуфтанд:
15«Эй мардон! Чаро чунин мекунед? Мо низ мисли шумо одамони ноқис ҳастем ва ба шумо башорат медиҳем, ки аз бутҳои худ гашта, ба Худои Ҳай руҷӯъ намоед, ки Ӯ осмон ва замин ва баҳр ва он чиро, ки дар онҳост, офаридааст,
16Ва дар наслҳои пешина ҳамаи халқҳоро гузоштааст, ки мувофиқи тариқати худ рафтор кунанд,
17Гарчанде ки ҳамеша бо некиҳояш аз вуҷуди Худ шаҳодат дода, ба мо аз осмон борон меборонад, фаслҳои боровар мебахшад, ба мо ғизо медиҳад ва дилҳои моро аз шодмонӣ пур мекунад».
18Бо ин суханон мардумро аз қурбонӣ кардан барояшон базӯр боздоштанд.
19Дар ин миён аз Антиёхия ва Иқуния яҳудиён расида омаданд ва мардумро барангехта, Павлусро сангсор карданд ва, ба гумони он ки мурдааст, аз шаҳр берун кашиданд.
Павлус дар Дарба.
Рафта дидани калисоҳои барпошуда.
20Вақте ки шогирдон дар гирди ӯ ҷамъ омаданд, бархоста, ба шаҳр даромад ва фардои он бо Барнаббо сӯи Дарба равона шуд.
21Дар ин шаҳр низ башорат дода, шогирдони зиёде пайдо карданд ва боз ба Лустра, Иқуния ва Антиёхия ворид шуданд.
22Ва дилҳои шогирдонро тақвият дода, панд мегуфтанд, ки «дар имон устувор бошед, зеро ки мо бояд бо мусибатҳои бисьёр дохили Малакути Худо гардем».
Таъин кардани пирон дар ҳар калисо.
Баргаштан ба Антиёхия.
23Дар ҳар калисо барои онҳо пиронро таъин карданд ва бо дуо ва рӯза онҳоро ба Худованде ки ба Ӯ имон оварда буданд, супурданд.
24Аз Писидия гузашта, ба Памфилия омаданд
25Ва дар Пирҷа каломи Худовандро мавъиза намуда, ба Аттолия фуромаданд;
26Боз ба киштӣ савор шуда, ба Антиёхия рафтанд, ки дар ҳамон ҷо онҳо, ба хотири хизмате ки ба ҷо оварданд, ба файзи Худо супурда шуда буданд.
27Чун расиданд, аҳли калисоро ҷамъ оварда, аз он чи Худо бо онҳо ба амал оварда буд ва чӣ гуна Ӯ дарвозаи имонро ба рӯи гайрияҳудиён кушода буд, нақл карданд;
28Ва муддати дарозе дар он ҷо бо шогирдон монданд.
ప్రస్తుతం ఎంపిక చేయబడింది:
Аъмоли Ҳаввориён 14: KM92
హైలైట్
షేర్ చేయి
సరిపోల్చండి
కాపీ
మీ పరికరాలన్నింటి వ్యాప్తంగా మీ హైలైట్స్ సేవ్ చేయబడాలనుకుంటున్నారా? సైన్ అప్ చేయండి లేదా సైన్ ఇన్ చేయండి
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.