Аъмоли Ҳаввориён 11

11
БОБИ ЁЗДАҲУМ
Петрус ба халқҳо хизматгузорӣ намуданашро сафед мекунад.
1Ҳаввориён ва бародароне ки дар Яҳудо буданд, шуниданд, ки гайрияҳудиён низ каломи Худоро қабул кардаанд.
2Вақте ки Петрус ба Ерусалим омад, махтунон бар вай таъна зада,
3Гуфтанд: «Назди мардуми номахтун рафта, бо онҳо хӯрок хӯрдаӣ».
4Вале Петрус ба ҳикояти муфассали ҳар он чи рӯй дода буд, шурӯъ намуда, гуфт:
5«Ман дар шаҳри Ёфо дуо мегуфтам ва дар ҳолати бехудӣ рӯъёе дидам: зарфе нозил мешуд, мисли суфраи калоне ки аз чор гӯшааш овезон аз осмон мефуромада бошад, ва инак он назди ман фуромад;
6Чун ба он нигариста, дурустакак аз назар гузарондам, чорвои замин, ҳайвоноти ваҳшӣ, хазандагон ва мурғони ҳаворо дидам,
7Ва овозе ба гӯшам расид, ки мегуфт: „Эй Петрус, бархоста, забҳ кун ва бихӯр“.
8Гуфтам: „Ҳошо, Худовандо, зеро ки ҳаргиз чизе ҳаром ё палид ба даҳон набурдаам“.
9Бори дигар хитобе аз осмон ба ҷавобам даррасид, ки мегуфт: „Он чи Худо пок кардааст, ту ҳаром нахон“.
10Ин ҳодиса се бор такрор ёфт, ва ҳама чиз боз ба осмон баромад.
11Ва инак, дар ҳамон лаҳза се марде ки аз Қайсария назди ман фиристода шуда буданд, ба хонае ки иқомат доштам, расиданд,
12Ва Рӯҳ ба ман гуфт, ки ҳеҷ шубҳа накарда, бо онҳо биравам; ин шаш бародар низ ҳамроҳи ман рафтанд, ва мо ба хонаи он шахс даромадем.
13Вай ба мо нақл кард, ки чӣ гуна дар хонаи худ фариштаро дидааст, ки истода, ба вай гуфтааст: „Ба Ёфо фиристода, Шимъӯнро, ки лақабаш Петрус аст, даъват намо,
14Ва ӯ ба ту суханоне бигӯяд, ки боиси наҷоти ту ва тамоми хонадони ту хоҳанд шуд“.
15Вақте ки ба сухан оғоз кардам, Рӯҳулқудс бар онҳо нозил шуд, мисли он ки дар ибтидо бар мо нозил шуда буд.
16Он гоҳ ба ёд овардам, ки Худованд гуфта буд: „Яҳьё бо об таъмид медод, лекин шумо бо Рӯхулқудс таъмид хоҳед ёфт“.
17Пас, модоме ки Худо ба онҳо ҳамон бахшоишро ато кардааст, ки ба мо ато кард, вақте ки ба Исои Масеҳи Худованд имон овардем, ман кистам, ки тавонам ба Худо монеъ шавам?»
18Вақте ки инро шуниданд, ором шуданд ва Худоро ҳамду сано хонда, гуфтанд: «Дар ҳақиқат Худо ба гайрияҳудиён низ тавбаи ҳаётбахшро ато кардааст».
Калисо дар Антиёхия.
19Дар ин миён ба сабаби таъқиботе ки баъд аз Истефанус ба амал омад, бисьёр касон пароканда шуда, то Финиқия ва Қаприс ва Антиёхия расиданд, ва онҳо каломро ба ҳеҷ кас, ғайр аз яхудиён, мавъиза намекарданд.
20Лекин баъзе аз онҳо, ки аз аҳли Қаприс ва Қурин буданд, ба Антиёхия расида, бо юнониён гуфтугӯй карданд ва аз Исои Худованд башорат доданд,
21Ва дасти Худованд бар онҳо буд, ва шумораи бузурге имон оварда, ба Худованд руҷӯъ карданд.
22Вақте ки овозаи ин ба гӯши аҳли калисои Ерусалим расид, Барнабборо ба Антиёхия фиристоданд.
23Чун расид, файзи Худоро дида, шод шуд, ва ҳамаро насиҳат кард, ки аз самими қалб ба Худованд бичаспанд;
24Зеро ки ӯ марди некӯкор ва пур аз Рӯҳулқудс ва имон буд; ва мардуми бисьёре ба Худованд имон оварданд.
25Сонӣ Барнаббо барои ҷустуҷӯи Шоул ба Тарсус рафт ва ӯро ёфта, ба Антиёхия овард.
26Тамоми сол онҳо дар калисо ҷамъ мешуданд ва мардуми бисьёрро таълим медоданд, ва шогирдон аввалин бор дар Антиёхия масеҳӣ номида шуданд.
Калисои Антиёхия ба бародароне ки дар Ерусалим буданд,
мадад мерасонад.
27Ва воқеъ шуд дар он айём, ки якчанд анбиё аз Ерусалим ба Антиёхия омаданд.
28Яке аз онҳо, ки Оғобус ном дошт, бархост ва аз Рӯҳ илҳом ёфта, пешгӯӣ кард, ки дар тамоми ҷаҳон қаҳтии сахте рӯй хоҳад дод; он дар замони қайсар Клавдиюс рӯй дод;
29Он гоҳ шогирдон қарор доданд, ки ҳар яке алоқадри дороии худ ионате барои бародарони сокини Яҳудо равона кунад;
30Ҳамин тавр ҳам карданд, ва онро ба василаи Барнаббо ва Шоул ба пирон фиристоданд.

ప్రస్తుతం ఎంపిక చేయబడింది:

Аъмоли Ҳаввориён 11: KM92

హైలైట్

షేర్ చేయి

సరిపోల్చండి

కాపీ

None

మీ పరికరాలన్నింటి వ్యాప్తంగా మీ హైలైట్స్ సేవ్ చేయబడాలనుకుంటున్నారా? సైన్ అప్ చేయండి లేదా సైన్ ఇన్ చేయండి

Аъмоли Ҳаввориён 11 కోసం వీడియో