Инҷили Юҳанно 2

2
БОБИ ДУЮМ
Тӯи арӯсӣ дар Қонои Ҷалил ва мӯъҷизаи аввалин.
1Дар рӯзи сеюм дар Қонои Ҷалил тӯи арӯсӣ буд, ва модари Исо дар он ҷо буд.
2Исо ва шогирдонашро низ ба тӯй даъват карда буданд.
3Чун шароб камӣ кард, модари Исо ба Ӯ гуфт: «Шароб надоранд».
4Исо ба вай гуфт: «Туро бо Ман чӣ кор аст, эй зан? Соати Ман ҳанӯз нарасидааст».
5Модараш ба хизматгорон гуфт: «Ҳар чи Ӯ ба шумо гӯяд, ба ҷо оваред».
6Дар он ҷо, мувофиқи оини татҳири яҳудиён, шаш кӯзаи сангин истода буд, ки гунҷоиши ҳар яке ду ё се бат#2:6 Бат — андозаи моеот, ки тақрибан ба 40 литр баробар буд. буд.
7Исо ба онҳо гуфт: «Зарфҳоро аз об пур кунед». Ва онҳоро лабрез карданд.
8Ва гуфт: «Акнун кашида, ба сардори базм баред». Ва онхо бурданд.
9Чун сардор оби ба шароб мубаддалшударо чашид ва надонист, ки аз куҷост, зеро фақат хизматгороне ки обро кашида буданд, медонистанд, ва сардор домодро хонда,
10Ба вай гуфт: «Ҳар кас аввал шароби хубро медиҳад, ва чун маст шуданд, бадашро меоварад, лекин ту шароби хубро то ҳол нигоҳ доштаӣ».
11Ин ибтидои мӯъҷизоте буд, ки Исо дар Қонои Ҷалил нишон дода, ҷалоли Худро зоҳир кард, ва шогирдонаш ба Ӯ имон оварданд.
12Пас аз он Ӯ бо модараш, бародаронаш ва шогирдонаш ба Кафарнаҳум омад, ва дар он ҷо айёми каме монданд.
Фисҳи аввалин ва пок кардани маъбад.
13Ва чун иди фисҳи яҳудиён наздик буд, Исо ба Ерусалим рафт.
14Ва дид, ки дар маъбад фурӯшандагони гову гӯсфанду кабӯтар ва саррофон нишастаанд.
15Ва тозиёнае аз арғамчин сохта, ҳамаро бо гову гӯсфандон аз маъбад пеш кард, ва тангаҳои саррофонро пошида, мизҳошонро чаппа кард;
16Ва ба кафтарфурӯшон гуфт: «Инҳоро аз ин ҷо гирифта баред ва хонаи Падари Маро хонаи савдогарӣ насозед».
17Ва шогирдони Ӯ ба хотир оварданд, ки навишта шудааст: «Рашки хонаи Ту Маро хӯрдааст».
18Он гоҳ яҳудиён ба Ӯ рӯ оварда, гуфтанд: «Ба мо чӣ аломате нишон медиҳӣ, ки ин корҳоро мекунӣ?»
19Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин маъбадро вайрон кунед, ва дар се рӯз Ман онро барпо хоҳам кард».
20Яҳудиён гуфтанд: «Ин маъбадро дар зарфи чилу шаш сол бино кардаанд, ва Ту онро дар се рӯз барпо мекунӣ?»
21Лекин Ӯ дар бораи маъбади Бадани Худ сухан мегуфт.
22Вақте ки Ӯ аз мурдагон эҳьё шуд, шогирдонаш ба хотир оварданд, ки Ӯ инро ба онҳо гуфта буд, ва ба Навиштаҳо ва ба сухане ки Исо гуфта буд, имон оварданд.
23Ва ҳангоме ки дар иди фисҳ дар Ерусалим буд, бисьёр касон мӯъҷизотеро, ки Ӯ нишон медод, дида, ба исми Ӯ имон оварданд.
24Лекин Исо ба онҳо эътимод накард, зеро ки ҳамаро мешинохт,
25Ва эҳтиёҷ надошт, ки касе дар бораи инсон шаҳодат диҳад, зеро ки он чи дар инсон аст, Худ медонист.

Выделить

Поделиться

Копировать

None

Хотите, чтобы то, что вы выделили, сохранялось на всех ваших устройствах? Зарегистрируйтесь или авторизуйтесь

YouVersion использует файлы cookie, чтобы персонализировать ваше использование приложения. Используя наш веб-сайт, вы принимаете использование нами файлов cookie, как описано в нашей Политике конфиденциальности