Logo de la Biblia App
Ícono Búsqueda

Айюб 5

5
БОБИ ПАНҶУМ
Давоми он.
1Пас, даъват намо, вале кист, ки ба ту ҷавоб гардонад?
Ва ту ба кадоме аз муқаддасон муроҷиат хоҳӣ кард?
2Зеро ки хашм беақлро мекушад,
ва ҳасад соддалавҳро ба ҳалокат мерасонад.
3Ман дидаам, ки беақле реша медавонд,
ва ногаҳон маскани ӯ гирифтори бало шуд.
4Фарзандони ӯ аз наҷот маҳрум мешаванд,
ва назди маҳкама озор мекашанд,
ва халоскунандае нест,
5Дар сурате ки ҳосилоти ӯро гуруснагон мехӯранд,
ва аз даруни хорбандҳо онро чида мегиранд,
ва ғоратгарон молу мулки ӯро фурӯ мебаранд.
6Зеро ки ҷафо аз хок намерӯяд,
ва азоб аз замин намесабзад,
7Балки одамизод барои азоб зоида мешавад,
чунон ки шарораҳо парида боло мебароянд.
8Аммо ман ба Худо илтиҷо менамудам,
ва даъвои худро ба Худо месупурдам,
9Ки Ӯ корҳои бузурги беҳадду ҳисобе мекунад,
корҳои аҷоибе ки сону шумор надорад:
10Ӯ бар рӯи замин борон медиҳад,
ва бар рӯи саҳроҳо об мефиристад.
11Ӯ афтодагонро ба мартабаи баланд мерасонад,
ва ғамзадагон наҷот ёфта, сарбаланд мешаванд.
12Ӯ дасисаҳои маккоронро вайрон мекунад,
ва дастҳошон ноил намешавад.
13Ӯ хирадмандонро ба макри худашон гирифтор мекунад,
ва машварати каҷкорон барбод меравад;
14Онҳо рӯзона ба торикӣ дучор меоянд,
ва пешингоҳ, мисли он ки шаб бошад, даст‐дасткунон роҳ мераванд.
15Ӯ бенаворо аз шамшери даҳони онҳо
ва аз дасти зӯровар наҷот медиҳад.
16Ва умеде барои бемаҷол пайдо мешавад,
ва ноинсофӣ даҳони худро мебандад.
17Инак, хушо касе ки Худо варо танбеҳ намудааст!
Пас, ҷазои Қодирро рад накун,
18Зеро ки Ӯ маҷрӯҳ мекунад ва Худаш ҷароҳатбандӣ менамояд;
Ӯ зарба медиҳад, ва дасти Худаш шифо мебахшад;
19Дар шаш мусибат туро раҳо мекунад,
ва дар ҳафтумаш ба ту осеб намерасад;
20Дар вақти қаҳтӣ туро аз мурдан халос мекунад,
ва дар ҷанг аз дасти шамшер.
21Аз пеши забон пинҳон хоҳӣ шуд, ва аз фалокат,
вақте ки ояд, нахоҳӣ тарсид.
22Бар тороҷ ва бар қаҳтӣ хоҳӣ хандид,
ва аз ҳайвоноти замин нахоҳӣ тарсид,
23Зеро ки бо сангҳои саҳро ту иттифоқ хоҳӣ кард,
ва ҳайвоноти саҳро бо ту сулҳ хоҳанд баст.
24Ва хоҳӣ донист, ки хаймаи ту саломат аст,
ва чун маскани худро тафаққуд намоӣ, чизе камӣ нахоҳад кард.
25Ва хоҳӣ донист, ки насли ту сершумор аст,
ва авлоди ту мисли алафи замин.
26Ва дар куҳансолӣ ба қабр хоҳӣ рафт, мисли бандҳои ғалла,
ки дар мавсимаш ғарам карда мешавад.
27Он чи мо тафтиш кардаем, ин ҷост, ва он дуруст аст;
пас ту онро бишнав, ва барои худ бидон».

Actualmente seleccionado:

Айюб 5: KM92

Destacar

Copiar

Comparar

Compartir

None

¿Quieres guardar tus resaltados en todos tus dispositivos? Regístrate o Inicia sesión