Айюб 4
4
БОБИ ЧОРУМ
Нутқи якуми Алифоз.
1Ва Алифози Темонӣ ҷавоб гардонда, гуфт:
2«Агар касе кӯшиш намуда ба ту сухане гӯяд,
оё тоқати шунидан дорӣ?
Вале кист, ки тавонад аз сухан гуфтан худдорӣ кунад?
3Инак, ту бисьёр касонро панд додаӣ,
ва дастҳои бемадорро тақвият намудаӣ.
4Суханони ту рӯҳафтодаро ба по мехезонд,
ва зонуҳои ларзонро ту қувват мебахшидӣ.
5Вале акнун ба сари худат омадааст, ва ту бетоқат шудаӣ;
навбат ба худат расидааст, ва ту аз рӯҳ афтодаӣ.
6Оё таваккали ту ба худотарсии ту
ва умеди ту ба беайбии роҳҳои ту нест?
7Як мулоҳиза намо: кист, ки бегуноҳ бошад,
ва талаф шуд?
Ва росткорон дар куҷо нобуд шуданд?
8Чунон ки ман дидаам, касоне ки барои хабосат шудгор
намуда,
ноинсофиро кишт мекунанд, ҳосили онро медараванд;
9Аз нафаси Худо талаф мешаванд,
ва аз дами ғазаби Ӯ маҳв мегарданд.
10Наъраи шер, ва овози арсалон,
ва дандонҳои шербачаҳо мешиканад;
11Наррашер, ки нахҷире намеёбад, талаф мешавад,
ва бачаҳои модашер пароканда мешаванд.
12Ва пеши ман чизе махфӣ зоҳир шуд,
ва гӯши ман пичирросе аз ҷониби он шунид.
13Дар миёни андешаҳое ки аз рӯъёҳои шаб пайдо
мешавад,
вақте ки одамонро хоб зер мекунад,
14Маро тарсу ларз фаро гирифта,
ҳамаи устухонҳоямро ба ларза андохт.
15Ва рӯҳе аз пешам гузашт;
мӯйҳои баданам сих шуд.
16Ӯ рост истод, вале шамоилашро нашинохтам,
фақат сурате дар пеши назарам буд;
хомӯшӣ ҳукмфармо буд, ва овозе шунидам:
17„Оё инсон ба ҳузури Худо одил мешавад?
Оё мард ба ҳузури Офаридагори худ пок мешавад?“
18Модоме ки Ӯ ба бандагони Худ эътимод надорад,
ва дар фариштагони Худ нуқсон меёбад,
19Чӣ қадар зиёдтар дар сокинони хонаҳои гилин,
ки асосашон хок аст,
ва мисли куя зуд маҳв мешаванд:
20Аз субҳ то шом пора‐пора гардида, ба сурати абадӣ
талаф мешаванд,
бе он ки касе ба онҳо диққат диҳад.
21Оё риштаи ҳаёташон дар онҳо бурида намешавад?
Ва онҳо мемиранд, дар ҳолате ки ҳикмат пайдо
намекунанд.
Actualmente seleccionado:
Айюб 4: KM92
Destacar
Copiar
Comparar
Compartir
¿Quieres guardar tus resaltados en todos tus dispositivos? Regístrate o Inicia sesión
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.