Айюб 6
6
БОБИ ШАШУМ
Айюб ба Алифоз ҷавоб мегардонад ва дилсӯзии ӯро металабад.
1Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:
2«Кошки ғуссаи ман баркашида мешуд,
ва азоби маро бо он бар тарозу мегузоштанд!
3Зеро ки ҳоло он аз реги дарьёҳо вазнинтар аст,
бинобар ин суханонам сахт аст.
4Зеро ки тирҳои Қодир андаруни ман аст,
ки заҳри онҳоро рӯҳи ман мечашад;
даҳшатҳои Худо бар зидди ман саф бастааст.
5Оё гӯрхар дар алафзор ҳанг мезанад?
Оё наргов дар сари охури худ маос мезанад?
6Оё чизи бемазаро намак назада мехӯранд?
Оё сафедии тухм таъм дорад?
7Ҷони ман аз даст расондан ба ин чизҳо нафрат дорад:
онҳо мисли чиркоби ҷисми ман аст.
8Кошки орзуи ман ба амал меомад,
ва Худо умеди маро ба иҷро мерасонд!
9Ва Худо таваҷҷӯҳ намуда, маро маҳв мекард,
ва дасти Худро дароз карда, риштаи умри маро мебурид!
10Ва ин барои ман боз як тасаллӣ мешуд,
ва ман дар азияти беамони худ аз он дилхуш мешудам,
ки суханони Қуддусро инкор накардаам.
11Ман чӣ куввате дорам, ки умедвор шавам?
Ва чӣ муроде дорам, ки сабр пеша кунам?
12Оё қуввати ман қуввати сангҳост?
Оё ҷисми ман аз мис аст?
13Оё ман комилан бемаҷол нестам,
ва тавфиқ аз ман дур нашудааст?
14Маъюс аз ҷониби ёраш сазовори марҳамат аст,
агарчи тарси Қодирро тарк карда бошад.
15Бародарони ман мисли селоб бевафогӣ карданд,
мисли маҷрои селҳое ки гузашта мераванд,
16Ки онҳо аз ях тираранг мебошанд,
ва барф дар онҳо ниҳон аст;
17Вале дар ҳавои гарм ҷорӣ шуда, торафт камоб мегарданд,
ва дар авҷи гармо аз ҷои худ нопадид мешаванд;
18Самтҳои роҳи худро каҷу килеб мекунанд ва буғ гардида,
ба дараҷаи нестӣ мерасанд.
19Қофилаҳои Темо ба онҳо назар медӯзанд,
корвонҳои Шабо ба онҳо умед мебанданд,
20Аммо аз умеди худ хиҷил мешаванд:
ба он ҷо омада, ноумед мешаванд.
21Акнун шумо низ монанди он шудаед:
даҳшатро дида, тарсидаед.
22Оё ман гуфтаам: „Чизе ба ман бибахшед?
Ва аз молу мулки худ ришвае барои ман бидиҳед?
23Ва маро аз дасти душман халос кунед?
Ва фидия дода маро аз дасти мустабидон бихаред?“
24Маро таълим диҳед, ва ман хомӯш хоҳам монд;
ба ман бифаҳмонед, ки чӣ ғалате кардаам?
25Чӣ пурзӯр аст суханони ростӣ!
Вале танбеҳи шумо чиро исбот мекунад?
26Оё гумон мекунед, ки суханон барои исбот кофист?
Ва гуфтори маъюс мисли бод аст?
27Дар ҳаққи ятим қуръа мепартоед,
ва ёри худро асбоби харидуфурӯш мегардонед.
28Ва акнун марҳамат карда ба ман назар андозед,
ва ман дар пеши шумо дурӯғ нахоҳам гуфт.
29Баргардед, то ки ноинсофӣ нашавад.
Ва боз баргардед, чунки адолати ман яқин аст.
30Оё дар забони ман ноинсофӣ ҳаст?
Магар коми ман суханони фитнаангезро фарқ намекунад?
Actualmente seleccionado:
Айюб 6: KM92
Destacar
Copiar
Comparar
Compartir
¿Quieres guardar tus resaltados en todos tus dispositivos? Regístrate o Inicia sesión
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.