Айюб 3
3
БОБИ СЕЮМ
Нутқи якуми Айюб. Шикоят ва андӯҳи ӯ.
1Баъд аз он Айюб даҳони худро кушода, рӯзи худро нафрин кард.
2Ва Айюб нидо карда, гуфт:
3«Нест бод рӯзе ки дар он таваллуд ёфтам,
ва шабе ки дар он гуфта шуд:
„Наринае ба вуҷуд омад!“
4Бигзор он рӯз тира шавад,
онро Худо аз афроз ба ҳисоб наоварад,
ва рӯшноӣ бар он надурахшад!
5Бигзор онро тирагӣ ва зулмот фурӯ барад,
абр бар он сокин шавад,
кусуфоти рӯз онро дар даҳшат андозад!
6Бигзор он шабро торикӣ дар бар гирад,
он ба рӯзҳои сол шарик нашавад,
ба шумораи моҳҳо дохил нагардад!
7Инак, бигзор он шаб нозой бошад,
таронасароӣ дар он шунида нашавад!
8Бигзор онро нафринкунандагони рӯз,
ки метавонанд аждарро бедор кунанд, лаънат гӯянд!
9Бигзор ситораҳои шоми он тира шавад,
он ба нуре интизорӣ барад, — вале набошад,
ва бигзор мижгони саҳарро набинад,
10Барои он ки дарҳои батни модарамро набаст
ва азобро аз чашмонам пинҳон накард!
11Чаро вақте ки аз батн берун омадам, намурдам?
Ва ҳангоме ки аз раҳим баромадам, ҷон надодам?
12Чаро зонуҳо маро қабул кард?
Ва чаро ба ман сина доданд, ки бимакам?
13Дар он сурат ҳоло мехобидам ва фароғат менамудам,
хоб мекардам ва ором меёфтам,
14Бо подшоҳон ва мушовирони замин,
ки барои худ вайронаҳоро бино мекунанд;
15Ё бо мирон, ки тилло доштаанд,
ва хонаҳои худро аз нуқра пур кардаанд;
16Ё мисли афгонаи гӯронидашудае номавҷуд мебудам,
мисли тифлоне ки рӯшноиро надидаанд.
17Дар он ҷо шарирон хашмгиниро бас мекунанд,
ва дар он ҷо бемаҷолон ором меёбанд.
18Бандиён бо якҷоягӣ роҳат мекунанд,
овози назоратчиро намешунаванд.
19Хурд ва калон дар он ҷо баробаранд,
ва ғулом аз оғои худ озод аст.
20Чаро рӯшноӣ ба сиёҳбахт дода мешавад,
ва зиндагӣ ба касони талхком,
21Ки онҳо ба марг интизорӣ мебаранд, ва он намеояд,
ва онро бештар аз ганҷ ҷустуҷӯ менамоянд,
22Ва ҳар гоҳ, ки қабр пайдо кунанд,
шодикунон ба ваҷд меоянд ва хурсанд мешаванд?
23Чаро зиндагӣ ба марде дода мешавад, ки роҳаш гум шудааст,
ва Худо дар гирдогирди ӯ хорбанд сохтааст?
24Пеш аз нони ман оҳу воҳи ман меояд,
ва наъраҳоям мисли об ҷараён дорад.
25Зеро тарсу биме ки доштам, бар ман ғолиб шуд,
ва чизе ки аз он метарсидам, ба сарам омад.
26Маро осоиш нест, ва оромӣ нест,
ва фароғат нест, ва мусибат фаро расидааст».
Actualmente seleccionado:
Айюб 3: KM92
Destacar
Copiar
Comparar
Compartir
¿Quieres guardar tus resaltados en todos tus dispositivos? Regístrate o Inicia sesión
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.