Эстер 4
4
БОБИ ЧОРУМ
Рӯзадорӣ ва андӯҳ дар миёни яҳудиён.
1Ва Мордахай аз он чи воқеъ шуда буд, огоҳӣ ёфт, ва Мордахай либоси худро чок зада, палос ва хокистар дар бар кард, ва андаруни шаҳр рафта, фиғони азим ва талхе баровард.
2Ва то ба пеши дарвозаи подшоҳ расид, зеро мумкин набуд, ки касе палос дар тан ба дарвозаи подшоҳ дарояд.
3Ва дар ҳар вилоят ва мавзеъ, ки амри подшоҳ ва қонуни ӯ расида буд, барои яҳудиён мотами бузург ва рӯзадорӣ ва гирья ва овозандозӣ буд; палос ва хокистар барои бисьёр касон бистар шуд.
4Ва чун канизони Эстер ва хоҷасароёни вай омада, ба вай хабар доданд, малика бағоят музтариб шуд, ва либос фиристод, то ки Мордахайро бипӯшонанд ва палосашро аз ӯ дур кунанд, вале ӯ қабул накард.
5Ва Эстер Ҳатохро, ки аз хоҷасароёни подшоҳ назди вай таъин шуда буд, даъват намуд ва ӯро амр фармуд, ки аз Мордахай бипурсад, ки ин чист ва ин аз чӣ сабаб аст?
6Пас Ҳатох ба майдони шаҳр, ки пеши дарвозаи подшоҳ буд, назди Мордахай рафт.
7Ва Мордахай аз ҳар чи ба ӯ рӯй дода буд, ва аз маблағи нуқрае ки Ҳомон барои нест кардани яҳудиён ба хазоини подшоҳ баркашида доданӣ шуда буд, ӯро хабардор кард,
8Ва нусхаи фармони ба ҳукми қонун даромадаро, ки дар Шушан дар бораи нобуд кардани онҳо мунташир шуда буд, ба ӯ дод, то ки онро ба Эстер нишон диҳад ва ба вай хабар расонад, ва варо амр фармояд, ки назди подшоҳ даромада, аз ӯ зорию илтиҷо кунад ва барои қавми худ аз ӯ илтимос намояд.
9Ва Ҳатох омада, суханони Мордахайро ба Эстер хабар дод.
10Ва Эстер ба Ҳатох сухан ронда, ӯро амр фармуд, ки ба Мордахай бигӯяд:
11«Ҳамаи маъмурони подшоҳ ва қавми вилоятҳои подшоҳ медонанд, ки барои ҳар мард ва зане ки назди подшоҳ ба саҳни дарунӣ биёяд, бе он ки даъват шуда бошад, фақат як қонун ҳаст, ки бояд қатл карда шавад, ба ҷуз касе ки подшоҳ чӯбдасти тиллоро сӯи вай дароз кунад, то ки зинда монад; инак сӣ рӯз аст, ки ман даъват нашудаам, ки назди подшоҳ биёям».
12Вақте ки суханони Эстерро ба Мордахай хабар доданд,
13Мордахай гуфт, ки ба Эстер чунин ҷавоб гардонанд: «Дар дили худ гумон накун, ки дар хонаи подшоҳ аз миёни ҳамаи яҳудиён раҳо хоҳӣ шуд,
14Балки, агар дар ҳамин вақт хомӯш бимонӣ, вусъат ва халосӣ аз ҷои дигар падид хоҳад омад, вале ту ва хонадони падарат талаф хоҳед шуд, ва кист бидонад, ки оё барои чунин вақт ба салтанат нарасидаӣ?»
15Ва Эстер гуфт, ки ба Мордахай чунин ҷавоб гардонанд:
16«Бирав ва ҳамаи яҳудиёнро, ки дар Шушан мебошанд, ҷамъ кун, ва барои ман рӯза дошта, се рӯз, шабонаю рӯзона, чизе нахӯред ва нанӯшед; ман низ бо канизони худ ҳамчунин рӯза хоҳам дошт, ва ба ин тариқ назди подшоҳ хоҳам омад, гарчанде ки ин бар хилофи қонун аст, ва агар талаф шавам, бигзор талаф шавам».
17Ва Мордахай рафта, ончунон ки Эстер ӯро амр фармуда буд, амал кард.
Actualmente seleccionado:
Эстер 4: KM92
Destacar
Copiar
Comparar
Compartir
¿Quieres guardar tus resaltados en todos tus dispositivos? Regístrate o Inicia sesión
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.