Эстер 5
5
БОБИ ПАНҶУМ
Ҷасорати Эстер.
1Дар рӯзи сеюм Эстер либоси хисравона пӯшида, дар саҳни дарунии хонаи подшоҳ рӯ ба рӯи дарбори подшоҳ биистод, ва подшоҳ бар тахти хисравии худ дар дарбори хисравӣ рӯ ба рӯи даромадгоҳи хона нишаста буд.
2Ва чун подшоҳ Эстери маликаро дид, ки дар саҳн истодааст, вай дар назари ӯ илтифот пайдо кард, ва подшоҳ чӯбдасти тиллоро, ки дар дасташ буд, сӯи Эстер дароз кард, ва Эстер наздик омада, нӯги чӯбдастро ламс намуд.
3Ва подшоҳ ба вай гуфт: «Эй Эстери малика! Туро чӣ шуд, ва илтимосат чист? Ҳатто нисфи мамлакат бошад ҳам, ба ту дода хоҳад шуд».
4Ва Эстер гуфт: «Агар подшоҳ салоҳ донад, бигзор подшоҳ бо Ҳомон имрӯз ба зиёфате ки барои ӯ муҳайё кардаам, биёяд».
5Ва подшоҳ гуфт: «Зуд Ҳомонро даъват кунед, то ки гуфтаи Эстерро ба ҷо оварем». Ва подшоҳ бо Ҳомон ба зиёфате ки Эстер муҳайё карда буд, омад.
6Ва подшоҳ ба Эстер дар вақти шаробнӯшӣ гуфт: «Хоҳишат чист? Он қонеъ карда хоҳад шуд. Ва илтимосат чист? Ҳатто нисфи мамлакат бошад ҳам, ба ҷо оварда хоҳад шуд».
7Ва Эстер ҷавоб гардонда, гуфт: «Хоҳишам ва илтимосам ин аст,
8Ки агар дар назари подшоҳ илтифот пайдо карда бошам, ва агар подшоҳ салоҳ донад, ки хоҳишамро қонеъ кунад ва илтимосамро ба ҷо оварад, бигзор подшоҳ бо Ҳомон ба зиёфате ки барои онҳо муҳайё хоҳам кард, биёяд, ва фардо ба саволи подшоҳ ҷавоб хоҳам дод».
9Ва Ҳомон дар он рӯз хурсанд ва хушдил шуда берун омад, вале вақте ки Ҳомон Мордахайро назди дарвозаи подшоҳ дид, ки пеши ӯ намехезад ва аз ҷояш намеҷунбад, Ҳомон бар Мордахай пур аз ғазаб шуд.
10Валекин Ҳомон худдорӣ карда, ба хонаи худ омад, ва кас фиристода, дӯстони худ ва зани худ Зорашро даъват намуд.
11Ва Ҳомон ба онҳо фаровонии сарвати худ ва бузургии писарони худро, ва тамоми шавкатеро, ки подшоҳ ба ӯ ато намуда, ӯро бар мирон ва маъмурони подшоҳ баланд бардоштааст, ҳикоят кард,
12Ва Ҳомон гуфт: «Илова бар ин, Эстери малика низ касеро, ғайр аз ман, ба зиёфате ки муҳайё карда буд, ҳамроҳи подшоҳ даъват нанамуд, ва фардо низ ман назди вай ҳамроҳи подшоҳ даъват шудаам;
13Валекин ҳамаи ин дар назари ман ҳеҷ қимате надорад, то даме ки Мордахаи яҳудиро назди дарвозаи подшоҳ нишаста мебинам».
14Зани ӯ Зораш ва ҳамаи дӯстони ӯ гуфтанд: «Доре ба баландии панҷоҳ зироъ бисозанд, ва пагоҳӣ ба подшоҳ бигӯй, ки Мордахайро бар он биовезанд, ва шодон ҳамроҳи подшоҳ ба зиёфат бирав». Ва ин сухан дар назари Ҳомон писанд афтод, ва ӯ доре сохт.
Actualmente seleccionado:
Эстер 5: KM92
Destacar
Copiar
Comparar
Compartir
¿Quieres guardar tus resaltados en todos tus dispositivos? Regístrate o Inicia sesión
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.