Logo de la Biblia App
Ícono Búsqueda

Эстер 3

3
БОБИ СЕЮМ
Суиқасди Ҳомон.
1Баъд аз ин воқеот, подшоҳ Аҳашверӯш ба Ҳомон ибни Ҳамдотои Аҷоҷӣ бузургӣ бахшида, ӯро баланд бардошт, ва курсии ӯро аз ҳамаи мироне ки бо ӯ буданд, болотар гузошт;
2Ва ҳамаи маъмурони подшоҳ, ки назди дарвозаи подшоҳ буданд, ба Ҳомон зону мезаданд ва саҷда мебурданд, зеро ки подшоҳ дар ҳаққи ӯ чунин амр фармуда буд, вале Мордахай зону намезад ва саҷда намебурд.
3Ва маъмурони подшоҳ, ки назди дарвозаи подшоҳ буданд, ба Мордахай мегуфтанд: «Чаро ту аз амри подшоҳ сар мепечӣ?»
4Ва азбаски рӯз ба рӯз ба ӯ мегуфтанд, ва ӯ ба онҳо гӯш намедод, аз ин рӯ ба Ҳомон хабар доданд, то бубинанд, ки оё Мордахай метавонад ба суханонаш исрор намояд, зеро онҳоро огоҳ карда буд, ки ӯ яҳудӣ аст.
5Чун Ҳомон дид, ки Мордахай ба ӯ зону намезанад ва сачда намебарад, — Ҳомон пур аз ғазаб шуд.
6Вале танҳо ба Мордахай дасти тааддӣ дароз кардан дар назари ӯ нописанд омад, ва чун ӯро аз қавми Мордахай огоҳонида буданд, аз ин рӯ Ҳомон қасд намуд, ки қавми Мордахай, яъне ҳамаи яхудиёнеро, ки дар тамоми мамлакати Аҳашверӯш буданд, нобуд кунад.
7Дар моҳи якум, ки моҳи нисон бошад, дар соли дувоздаҳуми подшоҳ Аҳашверӯш, дар ҳузури Ҳомон барои ҳар рӯз ва ҳар моҳ пур — яъне қуръа — партофтанд, ва он ба моҳи дувоздаҳум, ки моҳи адор бошад, афтод.
8Ва Ҳомон ба подшоҳ Аҳашверӯш гуфт: «Қавме парешон ва пароканда дар миёни қавмҳо дар ҳамаи вилоятҳои мамлакати ту ҳастанд, ва қонунҳошон аз ҳар қавм фарқ дорад, ва қонунҳои подшоҳро ба ҷо намеоваранд, ва подшоҳро норавост, ки онҳоро чунин вогузорад.
9Агар подшоҳ салоҳ донад, бигзор барои нест кардани онҳо фармоне навишта шавад, ва ман даҳ ҳазор қурси нуқра#3:9 қурси нуқра — воҳиди калони пул дар замони қадим, ки тақрибан 21 килограмм вазн дошт. ба дасти коргарон баркашида хоҳам дод, то ки ба хазоини подшоҳ биёваранд».
10Ва подшоҳ нигини худро аз дасти худ кашид, ва онро ба Ҳомон ибни Ҳамдотои Аҷоҷӣ, ки бадхоҳи яҳудиён буд, дод.
11Ва подшоҳ ба Ҳомон гуфт: «Он нуқра дар дасти ту бимонад, ва он қавм низ, то ки бо онҳо он чиро, ки ба назарат маъқул бошад, бикунӣ».
12Ва котибони подшоҳ дар моҳи якум, дар рӯзи сездаҳуми он, даъват шуданд, ва мувофиқи ҳар он чи Ҳомон амр фармуд, ба волиёни подшоҳ ва ба ҳокимони ҳар вилоят ва ба мирони ҳар қавм, ба ҳар вилоят бо хати он ва ба ҳар қавм бо забони он навишта шуд: аз номи подшоҳ Аҳашверӯш навишта ва бо нигини подшоҳ мӯҳр карда шуд.
13Ва мактубҳо ба воситаи чопарон ба ҳамаи вилоятҳои подшоҳ фиристода шуд, то ки ҳамаи яҳудиёнро, аз ҷавон то пир ва тифлон ва занон, дар як рӯз, дар рӯзи сездаҳуми моҳи дувоздаҳум, ки моҳи адор бошад, нобуд кунанд, бикушанд ва талаф намоянд, ва молу мулки онҳоро толону тороҷ кунанд.
14«Нусхаҳои ин фармон дар ҳар вилоят ба ҳукми қонун дароварда, ба ҳамаи қавмҳо эълон карда шавад, то ки ба он рӯз тайёр бошанд».
15Он чопарон шитобон бо амри подшоҳ роҳсипор гардиданд, ва он қонун дар Шушани пойтахт мунташир шуд, ва подшоҳ ва Ҳомон ба майнӯшӣ нишастанд, валекин шаҳри Шушан дар изтироб афтод.

Actualmente seleccionado:

Эстер 3: KM92

Destacar

Copiar

Comparar

Compartir

None

¿Quieres guardar tus resaltados en todos tus dispositivos? Regístrate o Inicia sesión

Video de Эстер 3