Ишаъё 53

53
БОБИ ПАНҶОҲУ СЕЮМ
Қурбонии Масеҳи муовин — бандаи Худо.
1Кист, ки ба овозаи ба гӯши мо расида
бовар карда бошад,
ва кист, ки бозуи Худованд бар вай
зоҳир гардида бошад?
2Ӯ мисли навдае ба ҳузури Худованд рӯидааст,
ва мисли решае аз замини хушк;
Ӯро на симое буд, на ҷамоле, то ҳавас кунем,
ки ба Ӯ назар андозем;
ва на намуде буд, то муштоқи дидораш гардем.
3Ӯ манфур буд ва радди мардум,
дардманд ва ранҷур,
ва мисли касе ки аз вай рӯй мегардонанд;
Ӯ манфур буд, ва мо Ӯро писанд намекардем.
4Аммо Ӯ бемориҳои моро ба сар мебурд,
ва ба дардҳои мо мубтало буд,
валекин мо гумон бурдем, ки Ӯро Худо зада,
ба мусибат ва азиятҳо гирифтор кардааст.
5Ва ҳол он ки Ӯ аз ҷиноятҳои мо маҷрӯҳ,
ва аз гуноҳҳои мо афсурдахотир шудааст;
сазои осоиштагии мо бар Ӯст,
ва ба воситаи ҷароҳатҳои Ӯ мо шифо ёфтаем.
6Ҳамаамон мисли гӯсфандон гумроҳ будем:
ҳар яке ба роҳи худ мерафтем;
ва Худованд гуноҳи ҳамаи моро
ба гардани Ӯ монд.
7Ӯ ситам кашид, вале гардан фуровард,
ва даҳони Худро воз накард;
мисли гӯсфанде ки барои забҳ бурда мешавад,
ва мисли баррае ки назди пашмтарошонаш
безабон аст,
Ӯ ҳамчунон даҳони Худро воз накард;
8Ӯ аз банд ва аз доварӣ гирифта шуд,
ва кист, ки бо насли Ӯ мусоҳиба намояд?
Зеро ки Ӯ аз замини зиндаҳо қатъ карда шуд;
барои гуноҳҳои қавми Ман ба Ӯ осеб расид.
9Ва қабри Ӯро бо шарирон таъин карданд,
вале баъд аз мурданаш — бо сарватдоре гӯрониданд,
гарчанде ки Ӯ гуноҳе накардааст,
ва дар забонаш макре набуд.
10Валекин хости Худованд ин буд,
ки Ӯро зарба зада, ба дардҳо гирифтор кунад;
вақте ки Ӯ ҷони Худро кафорат намояд,
насл дида, умраш дароз хоҳад шуд,
ва хости Худованд дар дасти Ӯ муяссар хоҳад гардид.
11Ӯ аз заҳмати ҷони Худ самар дида, қонеъ хоҳад шуд;
Бандаи Одили Ман бо дониши Худ
мардуми бисьёреро сафед хоҳад кард,
ва гуноҳҳои онҳоро бар дӯши Худ хоҳад бардошт.
12Бинобар ин Ман ба Ӯ дар миёни бузургон
ҳиссае хоҳам дод,
ва Ӯ ғаниматро бо зӯроварон тақсим хоҳад кард,
дар ивази он ки ҷони Худро ба марг таслим намуд,
ва аз ҷинояткорон шумурда шуд,
ва гуноҳи мардуми бисьёреро бар худ бор кард,
ва барои ҷинояткорон шафоат намуд.

目前选定:

Ишаъё 53: KM92

高亮显示

分享

复制

None

想要在所有设备上保存你的高亮显示吗? 注册或登录