1
Ишаъё 43:19
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
Инак, Ман чизи наве месозам, ки он алҳол ба зуҳур меояд. Магар аз он воқиф нестед? Ба яқин, роҳе дар бодия, ва наҳрҳо дар биёбон ба вуҷуд хоҳам овард.
对照
探索 Ишаъё 43:19
2
Ишаъё 43:2
Вақте ки аз обҳо бигзарӣ, Ман бо ту хоҳам буд, ва аз наҳрҳо бигзарӣ, онҳо туро ғарқ нахоҳад кард; вақте ки аз миёни оташ қадамгузор шавӣ, нахоҳӣ сӯхт, ва аланга туро нахоҳад сӯзонид
探索 Ишаъё 43:2
3
Ишаъё 43:18
«Аммо вақоеи пешинаро ба хотир наоваред, ва ба мӯъҷизоти қадимӣ диққат надиҳед.
探索 Ишаъё 43:18
4
Ишаъё 43:1
Вале акнун Худованд, ки туро, эй Яъқуб, офардидааст, ва туро, эй Исроил, ба вуҷуд овардааст, чунин мегӯяд: «Натарс, зеро ки Ман туро раҳонидаам, туро ба исми ту хондаам; ту аз они Ман ҳастӣ.
探索 Ишаъё 43:1
5
Ишаъё 43:4
Азбаски ту дар назари Ман азиз ва гаронбаҳо ҳастӣ, ва Ман туро дӯст доштаам, бинобар ин мардуми дигарро дар ивази ту, ва қабилаҳоро дар бадали ҷони ту хоҳам дод.
探索 Ишаъё 43:4
6
Ишаъё 43:3
Зеро ки Ман Худованд Худои ту, Қуддуси Исроил, Наҷотдиҳандаи ту ҳастам; Мисрро барои ту фидия додаам, Ҳабаш ва Саборо — дар ивази ту.
探索 Ишаъё 43:3
7
Ишаъё 43:5
Натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам; насли туро аз шарқ хоҳам овард, ва туро аз ғарб ҷамъ хоҳам кард.
探索 Ишаъё 43:5
8
Ишаъё 43:25
Ман, Ман ҳамонам, ки гуноҳҳои туро ба хотири Худам маҳв менамоям, ва хатоҳои туро ба ёд нахоҳам овард.
探索 Ишаъё 43:25
9
Ишаъё 43:10
«Аммо шумо, — мегӯяд Худованд, — ва бандаи Ман, ки ӯро баргузидаам, шоҳидони Ман мебошед, то шумо бидонед ва ба Ман имон оваред ва дарк намоед, ки ин Ман ҳастам, ва пеш аз Ман Худое набуд, ва баъд аз Ман нахоҳад буд.
探索 Ишаъё 43:10
10
Ишаъё 43:11
Ман, Ман Худованд ҳастам, ва ғайр аз Ман Наҷотдиҳандае нест.
探索 Ишаъё 43:11
11
Ишаъё 43:13
Аз имрӯз низ Ман ҳамонам, ва касе нест, ки аз дасти Ман раҳо кунад: Ман амал хоҳам кард, ва кист, ки инро ботил намояд?»
探索 Ишаъё 43:13
12
Ишаъё 43:20-21
Ҳайвоноти саҳро, шағолон ва шутурмурғон Маро мадҳ хоҳанд кард, зеро ки Ман об дар бодия, ва наҳрҳо дар биёбон ба вуҷуд овардаам, то ки қавми баргузидаи Худро сероб намоям, Ки ин қавмро Ман барои Худ ба миён овардаам, то ҳамду санои Маро бихонанд.
探索 Ишаъё 43:20-21
13
Ишаъё 43:6-7
Ба шимол хоҳам гуфт: бидеҳ; ва ба ҷануб: монеъ нашав; писарони Маро аз дурдаст, ва духтарони Маро аз ақсои замин биёр, Яъне ҳар киро, ки ба исми Ман номида шудааст, ва Ман ӯро барои ҷалоли Худ офаридаам, ӯро ба вуҷуд овардаам ва ӯро сохтаам».
探索 Ишаъё 43:6-7
14
Ишаъё 43:16-17
Чунин мегӯяд Худованд, ки Ӯ роҳе дар баҳр, ва ҷоддае дар обҳои азим кушодааст; Аробаҳо ва аспон, лашкар ва қувватро берун овардааст, то ки якҷоя хобида, дигар нахезанд; ва онҳо торафт беҳол гардида, мисли пилтаи катонӣ хомӯш шуданд.
探索 Ишаъё 43:16-17
15
Ишаъё 43:15
Ман Худованд Қуддуси шумо ҳастам, Офаринандаи Исроил ва Подшоҳи шумо».
探索 Ишаъё 43:15
主页
圣经
计划
视频