Logo de la Biblia App
Ícono Búsqueda

Румиён* 6

6
Озодӣ аз гуноҳ
1Пас чӣ гӯем? Оё мисли пештара гунаҳкорона зиндагӣ карданро давом диҳем, то ки файзу меҳрубонии Худо зиёд гардад? 2Албатта, не! Мо ки нисбат ба гуноҳ мурдаем, чӣ тавр метавонем, гунаҳкорона зиндагӣ карданро давом диҳем? 3Магар шумо намедонед, ки ҳамаи мо ҳангоми таъмид бо Исои Масеҳ пайваст шудаем ва дар маргаш ба Ӯ ҳамроҳ шудаем. 4Барои ҳамин ҳангоми таъмид гирифтан мо бо Масеҳ гӯронида шудаем, то ҳамон тавре ки Масеҳ ба воситаи бузургии Худо Падар аз мурдагон зинда шудааст, мо низ зиндагии нав дошта бошем.
5Зеро агар мо дар марги Исо бо Ӯ пайваст шуда бошем, пас ба монанди Ӯ зинда мешавем. 6Мо медонем, ки шахсияти гунаҳкори пештараамон бо Масеҳ ба салиб мехкӯб шудааст, то ки гуноҳ дар ҳаётамон ҳукмронӣ накунад ва мо дигар ғуломони гуноҳ набошем. 7Зеро шахсе, ки мурдааст, аз гуноҳ озод шудааст.
8Мо бовар мекунем, ки агар ҳамроҳи Масеҳ мурда бошем, пас ҳамроҳи Ӯ низ зиндагӣ мекунем. 9Мо медонем, ки Масеҳ дигар намемирад, чунки Ӯ аз мурдагон бархест ва марг дигар бар Ӯ қудрате надорад. 10Вақте ки Масеҳ мурд, Ӯ як бор ва барои ҳамеша нисбат ба гуноҳ мурд. Лекин ҳоло Ӯ зинда шуда, барои Худо зиндагӣ мекунад. 11Ҳамчунин шумо низ худро нисбат ба гуноҳ мурда ҳисоб кунед, вале дар пайвастагӣ бо Исои Масеҳ худро барои Худо зинда шуморед.
12Аз ин рӯ ба гуноҳ роҳ надиҳед, ки дар баданҳои шумо ҳукмронӣ кунад. Шумо набояд ба ҳавасҳои бади гуноҳ итоат кунед. 13Ягон узви бадани худро чун асбоби бадкирдорӣ ба гуноҳ насупоред. Ба ҷойи ин, ҳамчун одамони аз мурдагон зиндашуда, худро ба Худо бидиҳед ва тамоми узвҳои баданатонро ҳамчун асбоби росткорӣ ба Худо бубахшед. 14Гуноҳ дигар бар шумо ҳукмронӣ намекунад, чунки шумо на дар зери ҳукмронии шариат, балки дар зери ҳукмронии файзу меҳрубонии Худо ҳастед.
Ғуломони росткорӣ
15Пас чӣ кор кунем? Агар мо на дар зери ҳукмронии шариат, балки дар зери ҳукмронии файзу меҳрубонии Худо бошем, оё гуноҳ карданро давом диҳем?! Ҳеҷ гоҳ! 16Магар шумо намедонед, ки ҳамон чизе, ки ба он итоат карданро интихоб кардед, ғуломи ҳамон чиз мешавед?! Ҳамчунин, оё намедонед, ки шумо ё ғуломи гуноҳ ҳастед, ки ба марг мебарад, ё ғуломи итоате, ки ба зиндагии росткорона ҳидоят мекунад? 17Лекин Худоро шукр, ки агарчи шумо дар гузашта ғуломони гуноҳ будед, акнун аз сидқи дил қарор додед, ки таълимоти ёдгирифтаро иҷро намоед. 18Инчунин шумо аз ғуломии гуноҳ озод шудед ва ғуломони росткорӣ гаштед.
19Ман ба хотири сустии инсонии шумо мисоли одиро истифода мебарам. Шумо пештар узвҳои баданатонро ба ғуломии нопокӣ ва қонуншиканӣ барои бадкорӣ бахшида будед. Акнун ҳамон тавр низ барои пок шуданатон худро ғуломи росткорӣ созед. 20Вақте ки ғуломи гуноҳ будед, шумо маҷбур набудед, ки ба росткорӣ итоат кунед. 21Пас шумо аз чунин зиндагӣ чӣ фоида ба даст овардаед? Шумо акнун аз он корҳое, ки пеш мекардед, шарм медоред, чунки оқибаташон марг аст. 22Ҳоло бошад, шумо аз гуноҳ озод шудаед ва ғуломи Худо гашта, покиро ба даст меоваред ва дар натиҷа соҳиби ҳаёти абадӣ мешавед. 23Зеро оқибати гуноҳ марг аст, лекин туҳфаи Худо – ҳаёти абадӣ аст, ки ба воситаи Худовандамон Исои Масеҳ дода мешавад.

Actualmente seleccionado:

Румиён* 6: KMO

Destacar

Copiar

Comparar

Compartir

None

¿Quieres guardar tus resaltados en todos tus dispositivos? Regístrate o Inicia sesión