1
Румиён* 6:23
Китоби Муқаддас Оммафаҳм
KMO
Зеро оқибати гуноҳ марг аст, лекин туҳфаи Худо – ҳаёти абадӣ аст, ки ба воситаи Худовандамон Исои Масеҳ дода мешавад.
Comparar
Explorar Румиён* 6:23
2
Румиён* 6:14
Гуноҳ дигар бар шумо ҳукмронӣ намекунад, чунки шумо на дар зери ҳукмронии шариат, балки дар зери ҳукмронии файзу меҳрубонии Худо ҳастед.
Explorar Румиён* 6:14
3
Румиён* 6:4
Барои ҳамин ҳангоми таъмид гирифтан мо бо Масеҳ гӯронида шудаем, то ҳамон тавре ки Масеҳ ба воситаи бузургии Худо Падар аз мурдагон зинда шудааст, мо низ зиндагии нав дошта бошем.
Explorar Румиён* 6:4
4
Румиён* 6:13
Ягон узви бадани худро чун асбоби бадкирдорӣ ба гуноҳ насупоред. Ба ҷойи ин, ҳамчун одамони аз мурдагон зиндашуда, худро ба Худо бидиҳед ва тамоми узвҳои баданатонро ҳамчун асбоби росткорӣ ба Худо бубахшед.
Explorar Румиён* 6:13
5
Румиён* 6:6
Мо медонем, ки шахсияти гунаҳкори пештараамон бо Масеҳ ба салиб мехкӯб шудааст, то ки гуноҳ дар ҳаётамон ҳукмронӣ накунад ва мо дигар ғуломони гуноҳ набошем.
Explorar Румиён* 6:6
6
Румиён* 6:11
Ҳамчунин шумо низ худро нисбат ба гуноҳ мурда ҳисоб кунед, вале дар пайвастагӣ бо Исои Масеҳ худро барои Худо зинда шуморед.
Explorar Румиён* 6:11
7
Румиён* 6:1-2
Пас чӣ гӯем? Оё мисли пештара гунаҳкорона зиндагӣ карданро давом диҳем, то ки файзу меҳрубонии Худо зиёд гардад? Албатта, не! Мо ки нисбат ба гуноҳ мурдаем, чӣ тавр метавонем, гунаҳкорона зиндагӣ карданро давом диҳем?
Explorar Румиён* 6:1-2
8
Румиён* 6:16
Магар шумо намедонед, ки ҳамон чизе, ки ба он итоат карданро интихоб кардед, ғуломи ҳамон чиз мешавед?! Ҳамчунин, оё намедонед, ки шумо ё ғуломи гуноҳ ҳастед, ки ба марг мебарад, ё ғуломи итоате, ки ба зиндагии росткорона ҳидоят мекунад?
Explorar Румиён* 6:16
9
Румиён* 6:17-18
Лекин Худоро шукр, ки агарчи шумо дар гузашта ғуломони гуноҳ будед, акнун аз сидқи дил қарор додед, ки таълимоти ёдгирифтаро иҷро намоед. Инчунин шумо аз ғуломии гуноҳ озод шудед ва ғуломони росткорӣ гаштед.
Explorar Румиён* 6:17-18