Logo de la Biblia App
Ícono Búsqueda

Румиён* 12

12
Масеҳ ҳаёти нав мебахшад
1Бинобар ин, эй бародарону хоҳарон, ба хотири меҳрубонии Худо аз шумо илтимос мекунам, ки баданҳои худро ба мисли қурбонии зинда, пок ва писандида ба Худо бахшед. Зеро парастиши ҳақиқии шумо чунин аст. 2Ба мисли одамони ин ҷаҳон зиндагӣ накунед, балки гузоред, ки Худо ба воситаи тағйир додани фикррониатон аз шумо одами нав созад. Он гоҳ шумо фаҳмида метавонед, ки хости нек ва писандидаву комили Худо чӣ будааст.
3Аз рӯйи ҳуқуқи фиристодаи Масеҳ буданам ба ҳар яки шумо мегӯям, ки худро аз он, чӣ ҳастед, болотар наҳисобед. Лекин дар бораи худ мувофиқи имоне, ки Худо ба ҳар яки мо додааст, хоксорона фикр кунед. 4Чунон ки мо дар як бадан узвҳои гуногун дорем ва ҳар яки онҳо вазифаи худро дорад, 5ҳамон тавр ҳамаи мо низ, ки бисёр ҳастем, дар ягонагӣ бо Масеҳ як баданро ташкил медиҳем ва нисбат ба якдигар узви як бадан ҳастем. 6Худо аз рӯйи файзу меҳрубониаш ба мо атоҳои гуногун додааст. Барои ҳамин, агар касе атои расондани паёми Худоро дошта бошад, ба андозаи имонаш паём расонад. 7Агар атои хизматгорӣ бошад, бигзор хизмат кунад. Агар атои таълимдиҳӣ бошад, таълим диҳад. 8Агар атои дилбардорӣ бошад, бигзор дигаронро дилбардорӣ кунад. Агар атои хайру саховатмандӣ бошад, бо дасти кушод хайр кунад. Касе атои роҳбарӣ дошта бошад, бо ҷидду ҷаҳд роҳбарӣ кунад. Агар касе атои ба дигарон раҳму шафқат нишон додан дошта бошад, онро бо хурсандӣ нишон диҳад.
Қоидаҳо барои имондорон
9Бигзор муҳаббати шумо самимӣ бошад. Аз бадӣ нафрат кунед ва ба некӣ бичаспед. 10Якдигарро бо муҳаббати бародарона дӯст доред. Дигаронро аз худ зиёдтар ҳурмат кунед. 11Танбал набошед, балки кӯшишу ғайрат намоед ва бо рӯҳи гарму ҷӯшон ба Худованд хизмат кунед. 12Дар умед шодӣ кунед, дар азобҳо пуртоқат бошед ва дуогӯйиро давом диҳед. 13Агар имондорон муҳтоҷ бошанд, ёрӣ диҳед ва дар меҳмоннавозӣ боғайрат бошед.
14Озордиҳандагони худро дуои нек кунед. На лаънат, балки дуои нек! 15Бо онҳое, ки хушҳол ҳастанд, хурсандӣ кунед ва бо онҳое, ки гиря мекунанд, гиря кунед. 16Бо якдигар дар ҳамфикрӣ зиндагӣ кунед. Ҳавобаланд набошед, балки бо одамони одию фурӯтан низ рафтуомад кунед. Худро аз дигарон донотар нагиред! 17Ба ивази бадӣ бадӣ накунед, балки кӯшиш кунед, ки ҳамаи корҳоятон дар назари тамоми мардум нек бошанд. 18Ба қадри имкон, бо ҳамаи одамон сулҳу салоҳ дошта бошед.
19Эй азизон, ҳеҷ вақт аз касе қасос нагиред, балки онро ба Худо ва ғазаби Ӯ супоред. Чунон ки Худованд мегӯяд ва навишта шудааст:
«Қасосгирӣ аз они Ман аст ва Ман ҷазо медиҳам».#12:19 Такрори Шариат 32:35
20Баръакс: «Агар душманат гурусна бошад, ба вай хӯрок деҳ ва агар ташна бошад, об деҳ, чунки бо ин корат ба сараш оташпора мерезӣ»#12:20 Масалҳо 25:21-22 ва ӯ шармандаву пушаймон мешавад. 21Нагузоред, ки бадӣ бар шумо ғолиб ояд, балки бадиро бо некӣ мағлуб созед.

Actualmente seleccionado:

Румиён* 12: KMO

Destacar

Copiar

Comparar

Compartir

None

¿Quieres guardar tus resaltados en todos tus dispositivos? Regístrate o Inicia sesión