1
Румиён* 12:2
Китоби Муқаддас Оммафаҳм
KMO
Ба мисли одамони ин ҷаҳон зиндагӣ накунед, балки гузоред, ки Худо ба воситаи тағйир додани фикррониатон аз шумо одами нав созад. Он гоҳ шумо фаҳмида метавонед, ки хости нек ва писандидаву комили Худо чӣ будааст.
Comparar
Explorar Румиён* 12:2
2
Румиён* 12:1
Бинобар ин, эй бародарону хоҳарон, ба хотири меҳрубонии Худо аз шумо илтимос мекунам, ки баданҳои худро ба мисли қурбонии зинда, пок ва писандида ба Худо бахшед. Зеро парастиши ҳақиқии шумо чунин аст.
Explorar Румиён* 12:1
3
Румиён* 12:12
Дар умед шодӣ кунед, дар азобҳо пуртоқат бошед ва дуогӯйиро давом диҳед.
Explorar Румиён* 12:12
4
Румиён* 12:21
Нагузоред, ки бадӣ бар шумо ғолиб ояд, балки бадиро бо некӣ мағлуб созед.
Explorar Румиён* 12:21
5
Румиён* 12:10
Якдигарро бо муҳаббати бародарона дӯст доред. Дигаронро аз худ зиёдтар ҳурмат кунед.
Explorar Румиён* 12:10
6
Румиён* 12:9
Бигзор муҳаббати шумо самимӣ бошад. Аз бадӣ нафрат кунед ва ба некӣ бичаспед.
Explorar Румиён* 12:9
7
Румиён* 12:18
Ба қадри имкон, бо ҳамаи одамон сулҳу салоҳ дошта бошед.
Explorar Румиён* 12:18
8
Румиён* 12:19
Эй азизон, ҳеҷ вақт аз касе қасос нагиред, балки онро ба Худо ва ғазаби Ӯ супоред. Чунон ки Худованд мегӯяд ва навишта шудааст: «Қасосгирӣ аз они Ман аст ва Ман ҷазо медиҳам».
Explorar Румиён* 12:19
9
Румиён* 12:11
Танбал набошед, балки кӯшишу ғайрат намоед ва бо рӯҳи гарму ҷӯшон ба Худованд хизмат кунед.
Explorar Румиён* 12:11
10
Румиён* 12:3
Аз рӯйи ҳуқуқи фиристодаи Масеҳ буданам ба ҳар яки шумо мегӯям, ки худро аз он, чӣ ҳастед, болотар наҳисобед. Лекин дар бораи худ мувофиқи имоне, ки Худо ба ҳар яки мо додааст, хоксорона фикр кунед.
Explorar Румиён* 12:3
11
Румиён* 12:17
Ба ивази бадӣ бадӣ накунед, балки кӯшиш кунед, ки ҳамаи корҳоятон дар назари тамоми мардум нек бошанд.
Explorar Румиён* 12:17
12
Румиён* 12:16
Бо якдигар дар ҳамфикрӣ зиндагӣ кунед. Ҳавобаланд набошед, балки бо одамони одию фурӯтан низ рафтуомад кунед. Худро аз дигарон донотар нагиред!
Explorar Румиён* 12:16
13
Румиён* 12:20
Баръакс: «Агар душманат гурусна бошад, ба вай хӯрок деҳ ва агар ташна бошад, об деҳ, чунки бо ин корат ба сараш оташпора мерезӣ» ва ӯ шармандаву пушаймон мешавад.
Explorar Румиён* 12:20
14
Румиён* 12:14-15
Озордиҳандагони худро дуои нек кунед. На лаънат, балки дуои нек! Бо онҳое, ки хушҳол ҳастанд, хурсандӣ кунед ва бо онҳое, ки гиря мекунанд, гиря кунед.
Explorar Румиён* 12:14-15
15
Румиён* 12:13
Агар имондорон муҳтоҷ бошанд, ёрӣ диҳед ва дар меҳмоннавозӣ боғайрат бошед.
Explorar Румиён* 12:13
16
Румиён* 12:4-5
Чунон ки мо дар як бадан узвҳои гуногун дорем ва ҳар яки онҳо вазифаи худро дорад, ҳамон тавр ҳамаи мо низ, ки бисёр ҳастем, дар ягонагӣ бо Масеҳ як баданро ташкил медиҳем ва нисбат ба якдигар узви як бадан ҳастем.
Explorar Румиён* 12:4-5