Logo de la Biblia App
Ícono Búsqueda

Эфсӯсиён* 2

2
Наҷот аз рӯйи файзу меҳрубонии Худо
1Замоне буд, ки шумо ба сабаби гуноҳҳо ва саркашиатон мурда ҳисобида мешудед, 2чунки ба монанди одамони ин дунё зиндагӣ мекардед ва ба ҳокими қувваҳои бад итоат менамудед. Ин ҳоким шайтон аст, ки ҳоло дар шахсони саркаш амал мекунад. 3Ба монанди ин шахсони саркаш, ҳамаи мо низ замоне аз пайи ҳавасҳои ҷисмонии худ мерафтем ва хости нафсамонро иҷро карда, ҳар чи ба фикрамон ояд, мекардем. Пас, мо табиатан дар қатори дигарон гирифтори ғазаби Худо будем.
4Лекин Худо моро бениҳоят сахт дӯст доштааст ва аз рӯйи ин меҳру муҳаббаташ Ӯ, ки пур аз раҳму шафқат аст, 5-6 ба мо агарчи аз сабаби гуноҳҳоямон мурда ҳисобида мешудем, ҳамроҳи Масеҳ ҳаёт бахшид. Худо моро ҳамроҳи Масеҳ зинда карда ва бо Исои Масеҳ як намуда, дар даргоҳи Худ ҳамроҳаш шинонд. Инак, наҷот ба шумо аз рӯйи файзу меҳрубонии Худо туҳфа шудааст. 7Худо бо ҳамаи ин некиҳое, ки ба воситаи Исои Масеҳ нисбати мо кардааст, то чӣ андоза беҳадду канор будани файзу меҳрубониашро дар замони оянда нишон доданӣ аст.
8-9 Охир, шумо аз рӯйи файзу баракати Худо ба воситаи имонатон наҷот ёфтаед. Яъне наҷот на маҳсули кори шумо асту на натиҷаи кирдору рафторатон, балки туҳфаи Худост. Бино бар ин, ҳеҷ кас фахр карда наметавонад, 10чунки мо маҳсули дастони Худо ҳастем. Мо ба воситаи Исои Масеҳ барои корҳои нек офарида шудаем, ки иҷрои онҳоро Худо пешакӣ барои мо муқаррар намуда буд.
Масеҳ оштидиҳандаи мо аст
11Пас фаромӯш накунед, ки як вақт яҳудиён, ки аз хатна шуданашон фахр мекунанд, шуморо халқҳои хатнанашуда меномиданд, чунки шумо ҳамчун ғайрияҳудӣ ба дунё омадед. Ҳол он ки хатнаи яҳудиён фақат ҷисмонӣ асту бо дасти инсон карда шудааст. 12Он вақт шумо ҳанӯз бе Масеҳ зиндагӣ мекардед ва аз ҷамоати Исроил ҷудо будед. Аз ин рӯ, шумо барои ваъдаҳои аҳду паймони Худо бегонаву дар ин ҷаҳон бе умеду бе Худо будед. 13Аммо акнун шумо, ки як вақте аз Худо дур будед, ба хотири Исои Масеҳ ва ба воситаи хуни Ӯ ба Худо наздик шудаед.
14-15 Масеҳ Худ оштидиҳандаи мост, ки яҳудиёну ғайрияҳудиёнро бо ҳам муттаҳид кардааст. Ӯ бо қурбонии баданаш шариати Мусоро бо қонуну қоидаҳояш беэътибор сохта, девори душманиро, ки моро аз ҳам ҷудо мекард, шикаст. Масеҳ инро бо мақсади он кард, ки дар Худ аз ин ҳар ду як халқи нав ба вуҷуд оварда, ҳамин тавр сулҳро барпо кунад 16ва ин ҳар дуро ба як тан пайванд намуда, ба воситаи марг дар салиб душманиро аз байн бараду моро пеши Худо баргардонад.
17Инак, Масеҳ омада, ҳам ба шумо, ки аз Худо дур будед, ҳам ба онҳое, ки ба Худо наздик буданд, хушхабари сулҳу оштиро эълон кард. 18Ба василаи Ӯ ҳамаи мо, чи дуру чи наздик, бо ҳамон як Рӯҳ ба пеши Падари Осмонӣ роҳ ёфтаем.
19Пас, шумо дигар бегона ва ғариб нестед, балки бо халқи Худо ҳамватан шуда, аҳли хонаи Худо гаштаед, 20ки ин хонавода дар асоси таълимоти фиристодагон ва пайғамбарон сохта шудааст. Санги асосии таҳкурсии хона бошад, Худи Исои Масеҳ аст. 21Бо Ӯ ҳамаи имондорон ба монанди иморат, бо ҳам пайваст шуда, торафт маъбаде мешаванд, ки ба Худованд бахшида шудааст. 22Шумо низ дар пайвастагӣ бо Масеҳ ба ҳамин иморат пайваст шуда, ба маконе бино мешавед, ки Худо ба воситаи Рӯҳ дар он сокин мебошад.

Actualmente seleccionado:

Эфсӯсиён* 2: KMO

Destacar

Copiar

Comparar

Compartir

None

¿Quieres guardar tus resaltados en todos tus dispositivos? Regístrate o Inicia sesión