Logo de la Biblia App
Ícono Búsqueda

Эфсӯсиён* 1

1
Саломи Павлус ба имондорони шаҳри Эфесус
1Салом ба халқи Худо, ки дар шаҳри Эфесус Исои Масеҳро вафодорона пайравӣ мекунанд! Ман, Павлус, ки бо хости Худо фиристодаи Исои Масеҳ интихоб шудаам, 2ба шумо файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагии Падари мо Худо ва Худованд Исои Масеҳро хоҳонам.
Дода шудани баракатҳои рӯҳонӣ ба воситаи Исои Масеҳ
3Шаъну шараф ба Худо, ки Падари Худовандамон Исои Масеҳ аст! Ӯ ба хотири Масеҳ ба мо ҳар баракати рӯҳониро дар даргоҳаш бахшидааст. 4Охир, Худо моро аллакай пеш аз офариниши дунё ба воситаи Масеҳ интихоб карда буд, ки аз они Ӯ шуда, дар назараш беайбу нуқсон бошем. 5Ӯ бо меҳру муҳаббат пешакӣ мувофиқи хости дилаш муқаррар карда буд, ки ба воситаи Исои Масеҳ моро ба фарзандӣ қабул мекунад. 6Худо мақсад дошт, ки мо ҳамин файзу меҳрубонии бузургашро, ки Ӯ ба воситаи Писари азизаш бароямон ато кардааст, таърифу ситоиш кунем. 7Охир файзу меҳрубонии Худо он чунон бепоён аст, ки ба воситаи хуни Писараш мо ба озодӣ харида шудаему гуноҳҳоямон бахшида шуданд. 8Худо файзу меҳрубониашро ба мо бо додани тамоми хираду ҳикмат саршор кардааст. 9Зеро Ӯ сирри Худро, ки он хости дилаш буд ва иҷрои онро ба воситаи Масеҳ дар назар дошт, ба мо ошкор кард. 10Нақшаи Худо ин буд, ки дар вақти муайяншуда ҳама чизи дар осмону дар замин бударо дар ихтиёри Масеҳ гузорад.
11Худо инчунин ба хотири Масеҳ ба мо насиб гардонд, ки халқи Ӯ шавем. Ин тақдирро Худо аз аввал барои мо ба нақша гирифта буд ва Ӯ ҳама вақт хосту фикрашро ба амал меоварад. 12Дар натиҷа мо, яҳудиён, ки аввалин шуда ба Масеҳ умедвор гаштем, ба таърифу ситоиш ёфтани бузургии Худо сабабгор мешавем. 13Ана шумо, ғайрияҳудиён низ ба воситаи Масеҳ бо Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо муҳр зада шудаед, ки аз они Худо будани шуморо нишон медиҳад. Ин Рӯҳи ваъдашудаи Худо бароятон ҳамон вақт дода шуд, ки хабари ростиро, яъне хушхабари наҷоти худро шунида, ба Масеҳ имон овардед. 14Худо Рӯҳулқудсро ба мо ҳамчун гарави он додааст, ки дар рӯзе, ки халқаш пурра ба озодӣ мебарояд, ҳамон мероси ваъда кардааш ба мо насиб мегардад, то ки мо барои таърифу ситоиш ёфтани бузургии Худо сабабгор шавем.
Дуо барои фаҳмиши рӯҳонии имондорон
15Бинобар ин, аз вақте ки дар бораи имони шумо ба Худованд Исо ва муҳаббате, ки ба тамоми халқи Худо доред, хабардор шудам, 16бароятон дуо карда, ҳамеша Худоро ба хотири шумо шукргузорӣ мекунам. 17Ман ба Худои Исои Масеҳ Худовандамон, ки Падари бузургвор аст, дуо карда хоҳиш мекунам, ки барои шинохтани Ӯ ба шумо ба воситаи Рӯҳ ҳикмату хирад бахшад ва Худро ошкор созад. 18Бигзор Ӯ чашми дили шуморо кушояд, то дарк кунед, ки Худо шуморо даъват карда, бароятон чӣ умеде додааст ва чӣ мероси пуршукӯҳу бузурге барои халқаш дорад.
19Инчунин қудрати беҳад азими Худоро, ки барои кӯмаки мо, имондорон амал мекунад, фаҳмед. Ин ҳамон қудрати азимест, 20ки Худо бо он Масеҳро аз марг бархезонд ва аз дасти рости Худ дар даргоҳаш шинонд. 21Акнун мақоми Масеҳ болотар аз ҳар тахту тоҷ, қуввату қудрат, ҳукумату роҳбарият ва ҳар мақоми дигарест, ки на фақат дар ин олам, балки дар олами оянда низ ҳаст. 22Худо ҳама чизро зери пойҳои Масеҳ гузошта, Ӯро аз ҳама касу ҳама чиз болотар ҳамчун сар барои ҷамоати имондорон муқаррар кард. 23Ҷамоати имондорон бадани Масеҳ аст, яъне пуррагии Ӯст, ки ҳама чиз ва ҳама ҷойро бо ҳузури Худ пур мекунад.

Actualmente seleccionado:

Эфсӯсиён* 1: KMO

Destacar

Copiar

Comparar

Compartir

None

¿Quieres guardar tus resaltados en todos tus dispositivos? Regístrate o Inicia sesión