Инҷили Юҳанно 1
KM92
1
БОБИ ЯКУМ
Каломи абадӣ ба ҷисм мубаддал шуд.
1Дар ибтидо Калом буд, ва Калом бо Худо буд, ва Калом Худо буд.
2Он дар ибтидо бо Худо буд.
3Ҳама чиз ба воситаи Ӯ ба вуҷуд омад, ва ҳар он чи вуҷуд ёфт, бе Ӯ вуҷуд наёфт.
4Дар Ӯ ҳаёт буд, ва ҳаёт нури одамиён буд.
5Ва нур дар торикӣ медурахшид, ва торикӣ онро фаро нагирифт.
6Шахсе аз ҷониби Худо фиристода шуда буд, ки Яҳьё ном дошт.
7Вай барои шоҳидӣ омад, ки бар Нур шаҳодат диҳад, то ки ҳама ба воситаи вай имон оваранд.
8Вай он Нур набуд, балки омад, ки бар Нур шаҳодат диҳад.
Исо — Нури ҳақиқӣ.
9Он Нури ҳақиқӣ, ки ҳар одамро мунаввар мегардонад, ба ҷаҳон омаданӣ буд.
10Ӯ дар ҷаҳон буд, ва ҷаҳон ба воситаи Ӯ ба вуҷуд омад, ва ҷаҳон Ӯро нашиноҳт.
11Ӯ назди мансубони Худ омад, ва мансубонаш Ӯро қабул накарданд.
12Лекин ба онҳое ки Ӯро қабул карданд ва ба исми Ӯ имон оварданд, қудрат дод, ки фарзандони Худо гарданд,
13Ки на аз хун, на аз хоҳиши ҷисм, на аз хоҳиши марде, балки аз Худо таваллуд ёфтаанд.
14Ва Калом ҷисм гардид ва дар миёни мо сокин шуд, пур аз файз ва ростӣ; ва мо ҷалоли Ӯро дидем, ки ҷалоли шоистаи Писари ягонаи Падар аст.
Шаҳодати Яҳьёи Таъмиддиҳанда дар бораи худаш.
15Ва Яҳьё бар Ӯ шаҳодат дод, ва нидо карда, мегуфт: «Ин аст Он ки дар бораи Ӯ гуфтам: „Он ки пас аз ман меояд, пеш аз ман будааст, зеро ки бар ман муқаддам буд“».
16Ва аз пуррагии Ӯ ҳамаи мо файз бар файз пайдо кардем;
17Зеро ки шариат ба воситаи Мусо ато шуд, аммо файз ва ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад.
18Худоро ҳаргиз касе надидааст; Писари ягонае ки дар оғӯши Падар аст, Ӯро зоҳир кард.
19Ва ин аст шаҳодати Яҳьё дар вақте ки яҳудиён аз Ерусалим коҳинон ва левизодагонро фиристоданд, то аз вай пурсанд, ки: «Ту кистӣ?»
20Вай иқрор кард ва инкор накард, балки зътироф намуда, гуфт: «Ман Масеҳ нестам».
21Аз вай пурсиданд: «Пас кистӣ? Оё Ильёс ҳастӣ?» Гуфт: «Не». «Оё он набӣ ҳастӣ?» Ҷавоб дод: «Не».
22Он гоҳ ба вай гуфтанд: «Пас кистӣ? То ба он касоне ки моро фиристодаанд, ҷавоб диҳем: дар бораи худ чӣ мегӯӣ?»
23Гуфт: «Ман овози нидокунанде дар биёбонам: „роҳи Худовандро рост кунед“, чунон ки Ишаъёи набӣ гуфтааст».
24Он фиристодагон аз фарисиён буданд;
25Ва онҳо аз вай пурсиданд: «Агар ту на Масеҳ ҳастӣ, на Ильёс ва на он набӣ, пас барои чӣ таъмид медиҳӣ?»
26Яҳьё дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ман бо об таъмид медиҳам; лекин дар миёни шумо Касе истодааст, ки шумо Ӯро намешиносед:
27Ӯ Он аст, ки пас аз ман меояд, аммо пеш аз ман будааст; ва ман сазовори он нестам, ки даволи пойафзоли Ӯро воз кунам».
28Ин дар Байт‐Абора, ки он тарафи Урдун аст, дар ҷое ки Яҳьё таъмид медод, воқеъ шуд.
Шаҳодати Таъмиддиҳанда дар бораи Барраи Худо.
Таъмиди Исо.
29Фардои он, Яҳьё Исоро дид, ки ба ҷониби вай меояд, ва гуфт: «Инак Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад;
30Ин аст Он ки ман дар бораи Ӯ гуфтам, ки: „Пас аз ман Марде меояд, ки пеш аз ман будааст, зеро ки Ӯ бар ман муқаддам буд“;
31Ман Ӯро намешиноҳтам; лекин барои он ки Ӯ ба Исроил зоҳир гардад, омадам ва бо об таъмид медодам».
32Ва Яҳьё шаҳодат дода, гуфт: «Ман Рӯҳро дидам, ки чун кабӯтаре аз осмон нозил шуда, бар Ӯ қарор гирифт;
33Ман Ӯро намешиноҳтам; лекин Он ки маро фиристод, то бо об таъмид диҳам, ба ман гуфт: „Бар ҳар кас бубинӣ, ки Рӯҳ нозил шуда, бар Ӯ қарор гирифт, Ӯ Ҳамон аст, ки бо Рӯҳулқудс таъмид медиҳад“.
34Ва ман дида, шаҳодат додам, ки Ӯ Писари Худост».
Исо ва шогирдони аввалин.
35Фардои он, боз Яҳьё бо ду шогирди худ истода буд.
36Чун дид, ки Исо аз он ҷо мегузарад, гуфт: «Инак Барраи Худо».
37Он ду шогирд суханони вайро шунида, аз паи Исо равона шуданд.
38Исо ба ақиб нигоҳ карда, дид, ки онҳо меоянд, гуфт: «Чӣ меҳоҳед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Раббӣ», яъне: «эй Устод, дар куҷо истиқомат дорӣ?»
39Ӯ гуфт: «Биёед ва бубинед». Онҳо омаданд ва диданд, ки дар куҷо истиқомат дорад, ва он рӯз назди Ӯ бимонданд. Тақрибан соати даҳум#1:39 Соати даҳум — соати чори гашти пешин. буд.
40Яке аз он ду нафар, ки суҳанони Яҳьёро шунида, аз паи Ӯ омада буданд, Андриёс, бародари Шимъӯни Петрус буд.
41Вай аввал бародари худ Шимъӯнро ёфта, гуфт: «Мо Масеҳро, яъне Христосро ёфтем».
42Вайро назди Исо овард. Исо ба вай нигариста, гуфт: «Ту Шимъӯн, писари Юнус ҳастӣ; акнун номат Кифо ҳоҳад шуд, ки маънояш Петрус аст».
43Фардои ин, Исо ҳост ба Ҷалил равад, ва Филиппусро ёфта, гуфт: «Аз ақиби Ман биё».
44Филиппус аз Байт‐Сайдо, ҳамшаҳрии Андриёс ва Петрус буд.
45Филиппус Натанъилро ёфта, гуфт: «Мо Он касеро, ки Мусо дар бораи Ӯ дар Таврот навиштааст, ва анбиё зикр кардаанд, ёфтаем, ки Исо, писари Юсуф, аз Носира аст».
46Вале Натанъил ба вай гуфт: «Магар мумкин аст, ки аз Носира чизи некӯе пайдо шавад?» Филиппус ба вай гуфт: «Биё ва бубин».
47Исо чун дид, ки Натанъил сӯи Ӯ меояд, дар бораи вай гуфт: «Инак, исроилии ҳақиқӣ, ки дар вай макре нест».
48Натанъил ба Ӯ гуфт: «Маро аз куҷо мешиносӣ?» Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Пеш аз он ки Филиппус туро даъват кунад, ҳангоме ки дар зери дарахти анҷир будӣ, Ман туро дидам».
49Натанъил дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Устод! Ту Писари Худоӣ, Ту Подшоҳи Исроил ҳастӣ».
50Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ту имон овардӣ, зеро ба ту гуфтам, ки: „Ман туро дар зери дарахти анҷир дидам“; чизҳои бузургтар аз ин хохӣ дид».
51Ва ба вай гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: минбаъд осмонро кушода ва фариштагони Худоро, ки бар Писари Одам сууд ва нузул мекунанд, хоҳед дид».

© Institute for Bible Translation, 1992, 1999, Stockholm, Sweden
© Институти тарҷумаи Китоби Муқаддас, 1992, 1999, Стокгольм, Шветсия
this digitised and corrected edition was produced by the Ҷамъияти Китоби Муқаддас (Bible Society of Tajikistan) in 2016, under license from IBT, Stockholm

Mehr über die Китоби Муқаддас 1992 erfahren