Аъмоли Ҳаввориён 9

9
БОБИ НӮҲУМ
Имон овардани Шоул.
1Шоул, ки ҳанӯз таҳдид ва қатл бар шогирдони Худованд меангехт, назди саркоҳин рафт
2Ва аз ӯ номаҳо барои куништҳои Димишқ пурсида гирифт, то ки агар марде ё занеро аз пайравони ин тариқат биёбад, бандӣ карда, ба Ерусалим оварад.
3Дар аснои роҳ, вақте ки ба Димишқ наздик омад, баногоҳ нуре аз осмон давродаври ӯ дурахшид;
4Ӯ бар замин афтод ва овозе шунид, ки мегуфт: «Шоул, Шоул! Барои чӣ Маро таъқиб мекунӣ?»
5Гуфт: «Худовандо, Ту кистӣ?» Худованд гуфт: «Ман он Исо ҳастам, ки ту Ӯро таъқиб мекунӣ; лагад заданат ба сихак душвор аст».
6Ва ӯ ба ларза ва даҳшат афтода, гуфт: «Худовандо! Чӣ амр мефармоӣ, то ба ҷо оварам?» Ва Худованд дар ҷавоб гуфт: «Бархез ва ба шаҳр бирав, ва дар он ҷо ба ту гуфта хоҳад шуд, ки чӣ бояд бикунӣ».
7Аммо онҳое ки ҳамсафари ӯ буданд, моту мабҳут меистоданд, зеро ки он садоро шуниданд, лекин ҳеҷ касро надиданд.
8Шоул аз замин бархост, ва чашмонаш кушода бошад ҳам, ҳеҷ касро намедид; аз дасташ гирифта, ӯро ба Димишқ бурданд;
9Дар он ҷо се рӯз нобино монд, ва чизе нахӯрд ва нанӯшид.
10Дар Димишқ Ҳанониё ном шогирде буд; Худованд дар рӯъё ба ӯ гуфт: «Эй Ханониё!» Ҷавоб дод: «Лаббай, Худовандо!»
11Худованд ба ӯ гуфт: «Бархез ва ба кӯчае ки Рост ном дорад, бирав ва Шоул ном тарсусиро дар ҳонаи Яҳудо суроғ кун, ки ӯ ҳоло ба дуо машғул аст
12Ва Ханониё ном шахсеро дар рӯъё дидааст, ки омада, бар ӯ даст гузоштааст, то ки бино шавад».
13Ҳанониё дар ҷавоб гуфт: «Худовандо! Дар бораи ин одам аз бисьёр касон шунидаам, ки дар Ерусалим ба муқаддасони Ту чӣ қадар бадиҳо кардааст;
14Дар ин ҷо низ аз саркоҳинон изн дорад, ки ҳамаи касонеро, ки исми Туро мехонанд, бандӣ кунад».
15Аммо Худованд ба вай гуфт: «Ту бояд биравӣ, зеро ки ӯ зарфи баргузидаи Ман аст, то ки исми Маро пеши халқхо ва подшоҳон ва банӣ‐Исроил эълон намояд;
16Зеро ки Ман ба ӯ нишон хоҳам дод, ки барои исми Ман ӯ чӣ қадар азобу уқубат бояд бикашад».
17Ҳанониё рафта, ба он хона даромад ва даст бар ӯ гузошта, гуфт: «Эй бародар Шоул! Исои Худованд, ки дар роҳе ки меомадӣ, бар ту зоҳир шуд, маро фиристод, то ки боз бино гардӣ ва аз Рӯҳулқудс пур шавӣ».
18Дарҳол аз чашмони ӯ чизе монанди пулакча афтода, бино шуд, ва бархоста, таъмид гирифт
19Ва ҳӯрок ҳӯрда, қувват гирифт. Якчанд рӯз Шоул бо шогирдон дар Димишқ монд;
20Дарҳол дар куништҳо дар ҳаққи Исо мавъиза кардан гирифт ва гуфт, ки Ӯ Писари Худост.
21Ҳар кӣ суханонашро мешунид, дар ҳайрат афтода, мегуфт: «Магар ин ҳамон касе нест, ки дар Ерусалим касонеро, ки ин исмро ба забон меоварданд, несту нобуд мекард? Оё ба ин ҷо низ ӯ барои он наомада буд, ки онҳоро бандӣ карда, назди саркоҳинон барад?»
22Аммо Шоул дар мавъизаи худ торафт бештар қувват мегирифт ва яҳудиёни сокини Димишқро дар ҳайрат андохта, исбот мекард, ки Ҳамин Исо Масеҳ аст.
23Баъд аз гузаштани якчанд вақт яҳудиён қасд карданд, ки ӯро бикушанд.
24Шоул аз қасди онҳо хабардор шуд; вале онҳо шабу рӯз назди дарвозаи шахр поида меистоданд, то ки ӯро бикушанд.
25Шогирдон ӯро шабона гирифта, дар сабаде гузоштанд ва аз девори шаҳр поён фуроварданд.
Павлус ба Ерусалим меояд.
26Вақте ки Шоул ба Ерусалим расид, ҳост ба шогирдон ҳамроҳ шавад, лекин ҳама аз ӯ метарсиданд ва бовар намекарданд, ки ӯ шогирд аст.
27Он гоҳ Барнаббо ӯро гирифта, назди ҳаввориён овард ва ба онҳо нақл кард, ки чӣ гуна Худовандро дар роҳ дидааст, ва Худованд ба ӯ сухан гуфтааст, ва чӣ гуна ӯ дар Димишқ ба исми Исо далерона мавъиза намудааст.
28Пас аз он ӯ дар Ерусалим бо онҳо омаду рафт мекард ва ба исми Исои Худованд далерона мавъиза менамуд.
29Бо яҳудиёни юнонизабон низ гуфтугӯ ва мубоҳиса мекард, ва онҳо қасд карданд, ки ӯро бикушанд.
Павлус ба Тарсус бармегардад.
30Чун бародарон аз ин хабардор шуданд, ӯро ба Қайсария фиристоданд ва аз он ҷо ба Тарсус гусел карданд.
31Он вақт аҳли калисоҳо дар сар то сари Яҳудо, Ҷалил ва Сомария дар оромӣ буда, обод мешуданд ва модоме ки дар тарси Худованд ва тасаллои Рӯҳулқудс рафтор мекарданд, меафзуданд.
Петрус дар Лидда. Шифо ёфтани Аниёс.
32Ва воқеъ шуд, ки Петрус дар тамоми ноҳия гашта, назди муқаддасони сокини Лидда низ омад;
33Дар он ҷо Аниёс ном шаҳсеро дид, ки ҳашт сол боз фалаҷ шуда, болои бистар хобида буд.
34Петрус ба ӯ гуфт: «Эй Аниёс! Исои Масеҳ туро шифо медиҳад; аз бистарат бархез». Ӯ дарҳол бархост,
35Ва ҳамаи сокинони Лидда ва Сорӯн ӯро дида, ба Худованд рӯй оварданд.
Петрус дар Ёфо.
Тобито аз мурдагон эҳьё шуд.
36Дар Ёфо шогирде буд, зане ба номи Тобито, ки маънояш Ғизол аст, ва ӯ хеле некӯкор буд ва садақоти бисьёре медод.
37Ва воқеъ шуд дар он айём, ки ӯ касал шуда, мурд, ва ӯро ғусл дода, дар болоҳонае гузоштанд.
38Азбаски Лидда ба Ёфо наздик буд, ва шогирдон шунида буданд, ки Петрус дар он ҷост, ду касро назди ӯ фиристода, хоҳиш карданд, ки бо зудӣ назди онҳо биёяд.
39Петрус бархоста, бо онҳо рафт, ва чун расид, ӯро ба он болоҳона бароварданд, ва ҳамаи бевазанон гирьякунон назди ӯ меистоданд ва куртаю ҷомаҳоеро, ки Ғизол дар зиндагии худ дӯхта буд, ба ӯ нишон медоданд.
40Петрус ҳамаро берун карда, зону зад ва дуо гуфт ва ба ҷасад рӯй оварда, гуфт: «Эй Тобито! Барҳез!» Вай дарҳол чашмонашро кушод ва Петрусро дида, бинишаст.
41Аз дасташ гирифта, ба по хезонд ва муқаддасону бевазанонро даъват намуда, ӯро ба онҳо зинда супурд.
42Ин ҳодиса дар тамоми Ёфо овоза шуд, ва бисьёр касон ба Худованд имон оварданд.
43Чандин рӯз ӯ дар Ёфо назди Шимъӯн ном даббоғе монд.

ప్రస్తుతం ఎంపిక చేయబడింది:

Аъмоли Ҳаввориён 9: KM92

హైలైట్

షేర్ చేయి

సరిపోల్చండి

కాపీ

None

మీ పరికరాలన్నింటి వ్యాప్తంగా మీ హైలైట్స్ సేవ్ చేయబడాలనుకుంటున్నారా? సైన్ అప్ చేయండి లేదా సైన్ ఇన్ చేయండి

Аъмоли Ҳаввориён 9 కోసం వీడియో