Аъмоли Ҳаввориён 5
5
БОБИ ПАНҶУМ
Гуноҳ ва мамоти Ҳанониё ва Сафира.
1Аммо Ҳанониё ном шаҳсе, бо ҳамсараш Сафира, мулки худро фурӯхт
2Ва як қисми пули онро, бо огоҳии ҳамсараш, гирифта нигоҳ дошт ва боқии онро оварда, дар иҳтиёри ҳаввориён гузошт.
3Петрус гуфт: «Эй Ҳанониё! Чаро ин тавр ба дилат шайтон роҳ ёфтааст, то туро водор намояд, ки ба Рӯҳулкудс дурӯғ бигӯӣ ва як қисми пули заминро пинҳон кунӣ?
4Оё он чи доштӣ, аз они ту набуд? Оё он чи баъд аз фурӯхтан пайдо кардӣ, дар ихтиёри ту набуд? Чаро чунин фикрро дар дили худ ҷо додӣ? Ту на ба одамизод, балки ба Худо дурӯғ гуфтӣ».
5Ҳамин ки Ҳанониё ин суханонро шунид, ба замин афтод ва ҷон дод, ва ҳамаи онҳое ки инро шуниданд, ба ҳароси азиме афтоданд.
6Ҷавонон бархоста, ӯро барои дафн тайёр карданд ва берун бурда, ба ҳок супурданд.
7Тахминан баъд аз гузаштани се соат ҳамсараш омад, ки аз ин воқеа бехабар буд.
8Петрус аз вай пурсид: «Ба ман бигӯ, ки оё заминро ба ҳамин маблағ фурӯхтед?» Зан гуфт: «Оре, ба ҳамин маблағ».
9Петрус ба вай гуфт: «Чаро ҳар ду забон як кардед, ки Рӯҳи Худовандро биозмоед? Онҳое ки шавҳаратро гӯрониданд, бар остонаи дар ҳастанд; туро низ хоҳанд бурд».
10Ҳамон дам вай пеши пои ӯ афтода, ҷон дод; ва ҷавонон, чун дохил шуданд, вайро мурда ёфтанд ва берун бурда, дар паҳлуи шавҳараш дафн карданд.
11Тамоми аҳли калисо ва ҳамаи онҳое ки инро шуниданд, ба ҳароси азиме афтоданд.
Тараққии калисо.
12Ҳаввориён аломоту мӯъҷизоти зиёде дар миёни қавм ба амал меоварданд ва ҳама якдилона дар равоқи Сулаймон ҷамъ мешуданд.
13Ҳеҷ каси бегона ҷуръат намекард бо онҳо ҳамнишин шавад, лекин мардум онҳоро ситоиш мекарданд.
14Мардону занони бисьёре ба Худованд имон оварда, торафт бештар ба онҳо ҳамроҳ мешуданд;
15Кор ба ҷое расид, ки мардум беморонро ба кӯчаҳо бароварда, болои бистарҳо ва катҳо мегузоштанд, то ки дар вақти гузашта рафтани Петрус ақаллан сояи ӯ бар баъзеи онҳо биафтад.
16Ҳамчунин мардуми бисьёре аз шаҳрҳои атроф дар Ерусалим ҷамъ шуда, беморон ва гирифторони арвоҳи палидро меоварданд, ва ҳамаи онҳо шифо меёфтанд.
Таъқиботи дуюм.
17Аммо саркоҳин ва бо вай ҳамаи онҳое ки аз фирқаи саддуқиён буданд, аз ҳасад пур шуда, барҳостанд
18Ва ба ҳаввориён дасти тааддӣ дароз карда, онҳоро дар зиндони ом андоҳтанд.
19Вале ҳамон шаб фариштаи Худованд дарҳои зиндонро кушода ва онҳоро берун оварда, гуфт:
20«Биравед ва дар маъбад истода, ҳамаи ин суханони ҳаётро ба ин қавм бигӯед».
21Чун инро шуниданд, субҳидам ба маъбад омаданд ва ба таълим додан шурӯъ карданд. Дар ин миён саркоҳин ва онҳое ки бо вай буданд, шӯрои пирон ва ҳамаи пирони банӣ‐Исроилро даъват карданд ва ба зиндон кас фиристоданд, то ки онҳоро биёранд.
22Аммо мулозимон рафта, онҳоро дар зиндон наёфтанд ва баргашта, ҳабар доданд
23Ва гуфтанд: «Зиндонро бо зҳтиёти тамом баста дидем, ва посбонон дар пеши дар истода буданд, вале вақте ки дарро кушодем, касеро наёфтем».
24Чун саркоҳин ва сардори посбонони маъбад ва саркоҳинони дигар ин суханонро шуниданд, дар ҳайрат афтоданд, ки ин чӣ окибате дошта бошад.
25Дар ҳамин вақт касе омада, ба онҳо хабар дод ва гуфт: «Инак, он шахсоне ки дар зиндон андоҳта будед, дар маъбад истода, қавмро таълим медиҳанд».
26Он гоҳ сардори посбонон бо мулозимонаш рафта, онҳоро овард, лекин на бо зӯрӣ, зеро аз қавм тарсиданд, ки мабодо онҳоро сангсор кунанд;
27Чун онҳоро оварда, назди шӯрои пирон ба по хезонданд, саркоҳин ба онҳо савол дода, гуфт:
28«Оё шуморо ба таври қатъӣ амр нафармудаем, ки ба ин исм таълим надиҳед? Ва инак, шумо Ерусалимро бо таълимоти худ пур кардаед ва мехоҳед хуни Он Одамро ба гардани мо бор кунед».
Ҷавоби ҳаввориён.
29Петрус ва ҳаввориён ба ҷавоб гуфтанд: «Ба Худо бояд итоат кард, на ба одамизод;
30Худои падарони мо Исоро эҳьё кард, ки шумо Ӯро ба дарахт овехта, кушта будед:
31Худо Ӯро ба ямини Худ боло бардошта, Сарвар ва Наҷотдиҳанда гардонд, то ки ба Исроил тавба ва омурзиши гуноҳҳоро ато фармояд;
32Мо шоҳидони Ӯ дар ин бобат ҳастем ва ҳамчунин Рӯҳулқудс аст, ки Онро Худо ба фармонбардорони Худ бахшидааст».
33Чун шуниданд, чунон дарғазаб шуданд, ки қасд карданд онҳоро ба қатл расонанд.
Огоҳонидани Ҷамлиил.
34Аммо яке аз фарисиён, ки Ҷамлиил ном дошт ва муаллими шариат буд, ва тамоми қавм ӯро мӯҳтарам медоштанд, дар шӯрои пирон бархоста, амр дод, ки ҳаввориёнро ба муддати кӯтоҳе берун баранд,
35Ва ба ҳозирон гуфт: «Эй мардони Исроил! Эҳтиёт кунед аз он чи мехоҳед бо ин одамон бикунед:
36Зеро ки чанде пеш аз ин айём шахсе Тавдо ном бархоста, худро чун шахси бузурге вонамуд кард, ва тақрибан чорсад нафар ба вай ҳамроҳ шуданд; вале вай кушта шуд, ва ҳамаи пайравонаш пароканда ва нест шуданд;
37Баъд аз вай Яҳудои Ҷалилӣ дар замони саршуморӣ бархост ва мардуми бисьёреро аз ақиби худ кашид; вай низ кушта шуд, ва ҳамаи пайравонаш пароканда шуданд;
38Ва алҳол ба шумо мегӯям, ки аз ин одамон даст кашед ва онҳоро ба ҳоли худ бигузоред, зеро ки агар ин раъй ва амал аз одамизод бошад, худ аз худ барҳам хоҳад хӯрд,
39Вале агар аз Худо бошад, шумо онро наметавонед барҳам диҳед, мабодо маълум шавад, ки бо Худо ситеза мекунед».
Ҳаввориён сазовори беҳурматӣ гардидаанд.
40Ба гапи вай даромаданд ва ҳаввориёнро ҷеғ зада оварда, қамчинкорӣ карданд ва минбаъд ба исми Исо ҳарф заданро ба онҳо манъ карда, онҳоро озод намуданд.
41Онҳо аз шӯрои пирон баромада, хурсанд шуданд, ки ба хотири исми Ӯ сазовори беҳурматӣ гардидаанд,
42Ва ҳар рӯз дар маъбад ва дар хонаҳо дар бораи Исои Масеҳ таълим ва башорат медоданд.
ప్రస్తుతం ఎంపిక చేయబడింది:
Аъмоли Ҳаввориён 5: KM92
హైలైట్
షేర్ చేయి
సరిపోల్చండి
కాపీ
మీ పరికరాలన్నింటి వ్యాప్తంగా మీ హైలైట్స్ సేవ్ చేయబడాలనుకుంటున్నారా? సైన్ అప్ చేయండి లేదా సైన్ ఇన్ చేయండి
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.