Аъмоли Ҳаввориён 19
19
БОБИ НУЗДАҲУМ
Павлус дар Эфсӯс.
Шогирдони Яҳьё масеҳӣ мешаванд.
1Дар он замоне ки Апӯллӯс дар Қӯринтус буд, Павлус дар кишварҳои боло гардиш карда, ба Эфсӯс расид ва дар он ҷо шогирдонро ёфта,
2Ба онҳо гуфт: «Оё вақте ки имон овардед, Рӯҳулқудсро қабул кардед?» Ба ӯ гуфтанд: «Ҳатто нашунидаем, ки Рӯҳулқудс вуҷуд дорад».
3Ба онҳо гуфт: «Пас чӣ навъ таъмид гирифтед?» Гуфтанд: «Таъмиди Яҳьё».
4Павлус гуфт: «Таъмиде ки Яҳьё медод, таъмиди тавба буд, ва ӯ ба мардум мегуфт: „Ба Он Касе ки баъд аз ман меояд, яъне ба Исои Масеҳ имон оваред“».
5Чун инро шуниданд, ба исми Исои Худованд таъмид гирифтанд,
6Ва ҳангоме ки Павлус дастҳои худро бар сари онҳо ниҳод, Рӯҳулқудс бар онҳо нозил шуд, ва ба забонҳо сухан ронда, нубувват карданд.
7Онҳо тақрибан дувоздаҳ нафар буданд.
Павлус дар куништ ва дар мадрасаи Тиронус дар Эфсӯс.
8Муддати се моҳ ӯ ба куништ даромада, нотарс мавъиза менамуд ва дар бораи Малакути Худо мусоҳиба мекард ва далелҳо меовард.
9Вале азбаски баъзе касон саҳтдил буданд ва имон намеоварданд ва дар ҳаққи ин тариқат дар пеши мардум бадзабонӣ мекарданд, бинобар ин аз онҳо худро канор гирифта, шогирдонро ҷудо кард ва ҳар рӯз дар мадрасаи Тиронус ном шаҳсе мавъиза менамуд.
10Ин тақрибан ду сол давом кард, ба тавре ки ҳамаи сокинони вилояти Осиё, ҳам яҳудиён ва ҳам юнониён, каломи Исои Худовандро шуниданд.
Мӯъҷизоте ки Павлус ба амал овардааст.
11Худо ба василаи Павлус мӯъҷизоти бузурге ба амал меовард,
12То ба ҳадде ки дастмолҳо ва фӯтаҳои ба бадани ӯ расидаро бурда, бар беморҳо мегузоштанд, ва бемории онҳо нест мешуд, ва арвоҳи хабис аз онҳо берун мерафт.
13Ҳатто баъзе аз азоимхонҳои оворагарди яҳудӣ ҳам бар онҳое ки мубталои рӯҳи хабис буданд, исми Исои Худовандро зикр карда, мегуфтанд: «Шуморо ба Исое ки Павлус мавъиза менамояд, қасам медиҳем».
14Ҳафт нафар писарони Искиво ном шахсе ки яке аз саркоҳинони яҳудӣ буд, ҳамин тавр амал мекарданд.
15Аммо рӯҳи хабис дар ҷавоби онҳо гуфт: «Исоро мешиносам, Павлусро низ медонам, лекин шумо кистед?»
16Марде ки рӯҳи хабис дошт, бо чунон куввате ба онҳо дарафтод, ки ҳама мағлуб шуданд ва дар ҳолате ки бараҳна ва маҷрӯҳ буданд, аз он хона гурехтанд.
17Ин вокеа ба гӯши ҳамаи яҳудиён ва юнониёни сокини Эфсӯс расида, ҳамаро ба ҳарос андохт, ва исми Исои Худованд дар миёни онҳо бештар иззату икром пайдо кард;
18Бисьёре аз имондорон омада, аъмоли худро иқрор ва ошкор мекарданд;
19Бисьёре аз онҳое ки ба ҷодугарӣ машғул буданд, китобҳои худро оварда, дар пеши назари ҳама сӯзонданд; вақте ки арзиши онҳоро ҳисоб карданд, маълум шуд, ки баробари панҷоҳ ҳазор дирҳам аст.
20Каломи Худо ҳамин тавр қувват мегирифт ва интишор меёфт.
21Пас аз анҷоми ин чизҳо, Павлус дар дили худ азм кард, ки аз Мақдуния ва Охоия гузашта, ба Ерусалим биравад, ва гуфт: «Баъд аз рафтанам ба он ҷо, Румро низ бояд бубинам».
22Аз мулозимонаш ду нафарро, яъне Тимотиюс ва Арастусро, ба Мақдуния равона карда, худаш муддате дар вилояти Осиё бимонд.
Ба шӯр омадани нуқрагарон дар Эфсӯс.
23Дар он замон исьёни азиме бар зидди тариқи Худованд рӯй дод;
24Зеро ки Димитриюс ном нуқрагаре ки тасвирҳои нуқрагини маъбади Артамисро месохт ва ба ин васила ба санъатгарон фоидаи калоне мерасонд,
25Онҳоро, ҳамчунин ҳунармандони дигарро ҷамъ оварда, гуфт: «Эй мардумон! Шумо медонед, ки некӯаҳволии мо аз пушти ҳамин ҳунар аст,
26Ва шумо дида ва шунида истодаед, ки на танҳо дар Эфсӯс, балки қариб дар тамоми вилояти Осиё ин Павлус мардуми бисьёрро иғво андохта, гумроҳ кардааст, ва мегӯяд: „Чизҳои соҳтаи дасти инсон ҳудо нестанд“.
27Пас, хавфи он аст, ки на танҳо ҳунари мо аз байн равад, балки ин маъбади олиҳаи бузурги мо Артамис низ беэътибор шавад, ва ҳашамати вай, ки тамоми вилояти Осиё ва аҳли олам парастишаш мекунанд, беқурб гардад».
28Вақте ки ин суҳанонро шуниданд, онҳо хеле ба хашм омада, фарьёд заданд: «Бузург аст Артамиси эфсӯсиён!»
29Тамоми шаҳр ба шӯр омада, ҳама якдилона сӯи тамошохона тохтанд ва Ғоюс ва Ористархусро, ки аз аҳли Мақдуния ва ҳамроҳони Павлус буданд, дастгир карда, бо худ кашида бурданд.
30Павлус мехост, ки ба миёни мардум дарояд, аммо шогирдон ӯро намонданд;
31Ҳамчунин баъзе аз сардорони вилояти Осиё, ки дӯстонаш буданд, назди ӯ кас фиристода, таъкид карданд, ки ба тамошохона набиёяд.
32Дар ин миён баъзе касон дод зада, чизе мегуфтанд, касони дигар — чизи дигаре; зеро ки ҷамоат ошуфтаҳол буданд ва аксари онҳо намедонистанд, ки барои чӣ ҷамъ шудаанд.
33Аз миёни издиҳом Искандарро кашола карданд, чунки яҳудиён ӯро пеш андохта буданд, ва Искандар бо дасташ ишора намуда, хост барои муҳофизати худ ба мардум сухане бигӯяд.
34Аммо, чун яҳудӣ буданашро донистанд, ҳама бо як овоз дод заданд ва қариб ду соат нидо мекарданд: «Бузург аст Артамиси эфсӯсиён!»
35Нозири низом мардумро сокит карда, гуфт: «Эй мардони Эфсӯс! Кӣ намедонад, ки шаҳри Эфсӯс парастандаи маъбади Артамиси олиҳаи бузург ва ҳайкали аз осмон нозилшудаи вай мебошад?
36Модоме ки ин баҳснопазир аст, шуморо лозим аст, ки ором бошед ва рафтори бемулоҳизае накунед;
37Эеро ин шахсоне ки шумо овардаед, на тороҷкунандагони маъбаданд ва на дар ҳаққи олиҳаи шумо сухани куфромез гуфтаанд;
38Агар Димитриюс ва ҳамкоронаш даъвое бар касе дошта бошанд, инак дари маҳкамаҳо кушода, волиён низ ҳозиранд: бигзор ба онҳо шикоятҳои худро оварда супоранд;
39Вале агар талаби дигаре дошта бошед, он бояд дар маҳкамаи шаръӣ яктарафа шавад;
40Зеро ҳавфи он аст, ки мо барои рафтори имрӯза ба балвогарӣ айбдор шавем, ва мо ҳеҷ далеле надорем, ки барои чунин ҷамъомад онро сабаб нишон диҳем». Инро гуфта, издиҳомро пароканда кард.
ప్రస్తుతం ఎంపిక చేయబడింది:
Аъмоли Ҳаввориён 19: KM92
హైలైట్
కాపీ
సరిపోల్చండి
షేర్ చేయి
మీ పరికరాలన్నింటి వ్యాప్తంగా మీ హైలైట్స్ సేవ్ చేయబడాలనుకుంటున్నారా? సైన్ అప్ చేయండి లేదా సైన్ ఇన్ చేయండి
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.