Logo de la Biblia App
Ícono Búsqueda

Ҳастӣ 50

50
БОБИ ПАНҶОҲУМ
Дафни Яъқуб.
1Ва Юсуф бар рӯи падари худ афтода, бар вай гирист, ва ӯро бӯсид.
2Ва Юсуф ба табибон, ки аз чокарони ӯ буданд, амр фармуд, ки падари ӯро ҳунут кунанд; ва табибон Исроилро ҳунут карданд.
3Ва чил рӯз бар ӯ пур шуд, ки ин рӯзҳо барои ҳунут кардан сарф шуд. Ва мисриён ҳафтод рӯз барои ӯ мотам гирифтанд.
4Ва чун айёми мотами ӯ гузашт, Юсуф ба аҳли байти фиръавн гуфт: «Агар дар назари шумо илтифот ёфта бошам, марҳамат фармуда ба гӯши фиръавн чунин бирасонед:
5Падарам маро қасам дода, гуфт: „Инак, ман мемирам; дар қабре ки барои худ дар замини Канъон кандаам, он ҷо маро дафн кун“. Ва акнун мехоҳам биравам ва падари худро дафн карда, баргардам».
6Ва фиръавн гуфт: «Бирав ва, чунон ки падарат туро қасам додааст, ӯро дафн кун».
7Ва Юсуф бирафт, то ки падари худро дафн намояд. Ва ҳамаи чокарони фиръавн, пирони аҳли байти ӯ, ва ҳамаи пирони Миср бо ӯ рафтанд,
8Ва тамоми аҳли байти Юсуф ва бародаронаш ва аҳли байти падараш. Фақат кӯдакон ва гӯсфандон ва говони худро дар замини Ҷӯшан вогузоштанд.
9Ва аробаҳо ва саворон низ ҳамроҳаш рафтанд, ва анбӯҳ хеле бузург буд.
10Вақте ки ба хирмангоҳи Отод, ки дар он тарафи Урдун аст, расиданд, дар он ҷо навҳагарии азим ва бисьёр сахт карданд; ва барои падари худ ҳафт рӯз мотам гирифт.
11Ва сокинони он замин, канъониён, ин мотамро дар хирмангоҳи Отод диданд, ва гуфтанд: «Ин барои Миср мотами сахт аст!» Аз ин рӯ он мавзеъро Обел‐Мисраим#50:11 Мотами Миср. номиданд, ки он дар канори Урдун воқеъ аст.
12Ва писаронаш ба ӯ ончунон, ки ба онҳо васият карда буд, карданд.
13Ва писаронаш ӯро ба замини Канъон бурданд, ва ӯро дар мағораи саҳрои Макфело дафн карданд, ки Иброҳим он саҳроро аз Афрӯни ҳиттӣ барои моликияти мақбара дар рӯ ба рӯи Мамре харида буд.
14Ва Юсуф, баъд аз дафни падари худ, бо бародаронаш ва ҳамаи касоне ки барои дафни падараш бо ӯ баромада буданд, ба Миср баргашт.
Биму ҳароси бародарони Юсуф.
15Ва бародарони Юсуф диданд, ки падари онҳо вафот кард, ва гуфтанд: «Шояд Юсуф ба мо кина варзида, интиқоми он бадиеро, ки ба ӯ кардем, аз мо бигирад?»
16Ва ба касе фармуданд, ки ба Юсуф бигӯяд: «Падарат пеш аз вафоти худ васият карда, гуфта буд:
17„Ба Юсуф чунин бигӯед: марҳамат фармуда гуноҳ ва хатоҳои бародаронатро, ки ба ту бадӣ кардаанд, афв фармо“; ва акнун гуноҳи бандагони Худои падаратро афв фармо». Ва ҳангоме ки ба ӯ гуфтанд, Юсуф бигирист.
18Ва бародаронаш низ омада, пеши ӯ афтоданд, ва гуфтанд: «Инак, ғуломони ту ҳастем».
19Ва Юсуф ба онҳо гуфт: «Натарсед; оё ман дар ҷои Худо ҳастам?
20Шумо дар ҳаққи ман қасди бад доштед, вале Худо онро ба некӯӣ гардонид, то коре кунад, ки мардуми зиёдро зинда нигоҳ дорад, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст.
21Ва акнун натарсед. Ман ризқу рӯзии шумо ва кӯдакони шуморо хоҳам дод». Ва онҳоро тасаллӣ дод, ва суханони дилпазир ба онҳо гуфт.
Вафоти Юсуф.
22Ва Юсуф дар Миср сукунат дошт, ӯ ва аҳли байти падари ӯ; ва Юсуф саду даҳ сол зиндагонӣ кард.
23Ва Юсуф писарони насли сеюми Эфроимро дид, ва писарони Шокир, писари Менашше низ бар зонуҳои Юсуф парвариш ёфтанд.
24Ва Юсуф ба бародарони худ гуфт: «Ман мемирам; ва Худо шуморо ҳатман тафаққуд хоҳад кард, ва шуморо аз ин замин сӯи замине ки барои Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрдааст, берун хоҳад овард».
25Ва Юсуф банӣ‐Исроилро қасам дода, гуфт: «Худо шуморо ҳатман тафаққуд хоҳад кард, ва он гоҳ устухонҳои маро аз ин ҷо берун хоҳед овард».
26Ва Юсуф дар синни саду дахсолагӣ вафот ёфт. Ва ӯро ҳунут карданд; ва дар Миср дар тобут гузошта шуд.

Actualmente seleccionado:

Ҳастӣ 50: KM92

Destacar

Copiar

Comparar

Compartir

None

¿Quieres guardar tus resaltados en todos tus dispositivos? Regístrate o Inicia sesión