Эстер 9
9
БОБИ НӮҲУМ
Яҳудиён аз душманони худ интиқом мегиранд.
1Ва дар моҳи дувоздаҳум, ки моҳи адор бошад, дар рӯзи сездаҳуми он, ки вақти ба амал овардани амри подшоҳ ва қонуни ӯ расида буд, дар рӯзе ки душманони яҳудиён умед доштанд бар онҳо ҳукмфармо шаванд, вале акси он ба амал омада, яҳудиён бар адуёни худ ҳукмфармо шуданд:
2Яҳудиён дар шаҳрҳои худ, дар ҳамаи вилоятҳои подшоҳ Аҳашверӯш ҷамъ шуданд, то ки ба бадхоҳони худ дасти тааддӣ дароз кунанд, ва ҳеҷ кас пеши онҳо натавонист истодагӣ намояд, чунки тарси онҳо ҳамаи қавмҳоро фаро гирифта буд.
3Ва ҳамаи мирони вилоятҳо, ва волиён, ва ҳокимон, ва амалдорони подшоҳ яҳудиёнро дастгирӣ мекарданд, чунки тарси Мордахай онҳоро фаро гирифта буд,
4Зеро ки Мордахай дар хонаи подшоҳ бузург буд, ва шӯҳраташ дар тамоми вилоятҳо паҳн мешуд, чунки таъсири ин шахс, яъне Мордахай, торафт меафзуд.
5Ва яҳудиён ҳамаи душманони худро ба зарби шамшер заданд, ва куштанд, ва талаф намуданд, ва ба адуёни худ мувофиқи дилхоҳи худ амал карданд.
6Ва дар Шушани пойтахт яҳудиён панҷсад касро куштанд ва талаф намуданд;
7Ва Паршандото, ва Далфӯн, ва Аспото,
8Ва Пӯрото, ва Адальё, ва Аридото,
9Ва Пармашто, ва Арисой, ва Аридой, ва Вайзото, —
10Даҳ писари Ҳомон ибни Ҳамдотои бадхоҳи яҳудиёнро куштанд, вале дасти худро барои толону тороҷ дароз накарданд.
11Дар ҳамон рӯз шумораи онҳое ки дар Шушани пойтахт кушта шуданд, ба ҳузури подшоҳ хабар дода шуд.
12Ва подшоҳ ба Эстери малика гуфт: «Дар Шушани пойтахт яҳудиён панҷсад кас ва даҳ писари Ҳомонро куштаанд ва талаф намудаанд; дар дигар вилоятҳои подшоҳ чиҳо карда бошанд? Хоҳишат чист? Он қонеъ карда хоҳад шуд. Илтимосат боз чист? Он ба ҷо оварда хоҳад шуд».
13Ва Эстер гуфт: «Агар подшоҳ салоҳ донад, бигзор ба яҳудиёне ки дар Шушан мебошанд, иҷозат дода шавад, ки фардо низ бар ҳасби қонуни имрӯз амал кунанд ва даҳ писари Ҳомонро ба дор овезанд».
14Ва подшоҳ гуфт: «Чунин бишавад!» Ва дар Шушан ба ҳукми қонун дароварда шуд, ва даҳ писари Ҳомонро овехтанд.
15Ва яҳудиёне ки дар Шушан буданд, дар рӯзи чордаҳуми моҳи адор низ ҷамъ шуданд, ва дар Шушан сесад касро куштанд, вале дасти худро барои толону тороҷ дароз накарданд.
16Ва дигар яҳудиёне ки дар вилоятҳои подшоҳ буданд, ҷамъ шуданд, то ки барои ҷони худ истодагӣ намуда, аз душманони худ оромӣ ёбанд, ва ҳафтоду панҷ ҳазор нафар адуёни худро куштанд, вале дасти худро барои толону тороҷ дароз накарданд.
17Ин дар рӯзи сездаҳуми моҳи адор ба вуқӯъ омад, ва дар рӯзи чордаҳуми он оромӣ ёфтанд, ва онро рӯзи базм ва шодмонӣ карданд.
18Валекин яҳудиёне ки дар Шушан буданд, дар рӯзи сездаҳуми он ва дар рӯзи чордаҳуми он ҷамъ шуданд, ва дар рӯзи понздаҳуми он оромӣ ёфтанд, ва онро рӯзи базм ва шодмонӣ карданд.
19Бинобар ин яҳудиёни аз ҳисор берун, яъне онҳое ки дар шаҳрҳои беҳисор сукунат доранд, рӯзи чордаҳуми моҳи адорро рӯзи шодмонӣ ва базм ва ид мегардонанд ва ҳадияҳо ба ҳамдигар мефиристанд.
20Ва Мордахай ин суханонро навишта, ба ҳамаи яҳудиёне ки дар ҳамаи вилоятҳои подшоҳ Аҳашверӯш буданд, ба ҷойҳои наздик ва дур мактубҳо фиристод,
Таъсиси иди пурим.
21То онҳоро ӯҳдадор намояд, ки рӯзи чордаҳуми моҳи адор ва рӯзи понздаҳуми онро ҳар сол ид кунанд,
22Ҳамчун рӯзҳое ки дар онҳо яҳудиён аз душманони худ оромӣ ёфтанд, ва ҳамчун моҳе ки барояшон андӯҳ ба шодмонӣ, ва мотам ба ид мубаддал шуд, — ин рӯзҳоро рӯзҳои базм ва шодмонӣ гардонида, ҳадияҳо ба ҳамдигар ва бахшишҳо ба бенавоён бифиристанд.
23Ва яҳудиён он чиро, ки худашон ба иҷро карданаш шурӯъ намуда буданд, ва он чиро, ки Мордахай ба онҳо навишта буд, қабул карданд,
24Зеро ки Ҳомон ибни Ҳамдотои Аҷоҷӣ, бадхоҳи ҳамаи яҳудиён, ба фикри талаф намудани яҳудиён афтода, барои нобуд ва талаф намудани онҳо пур — яъне қуръа — партофта буд,
25Валекин вақте ки Эстер ба ҳузури подшоҳ даромад, ӯ бо мактуб амр фармуд, ки қасди баде ки Ҳомон дар ҳаққи яҳудиён андешида буд, ба сари худаш баргардонида шавад, ва ӯро бо писаронаш ба дор овехтанд.
26Аз ин рӯ он рӯзҳоро аз калимаи пур пурим номиданд. Бинобар ин, мувофиқи ҳамаи суханони ҳамин нома, ва он чи худашон дар ин моҷаро дида буданд, ва он чи ба сарашон омада буд,
27Яҳудиён қарор доданд ва ба зиммаи худ ва насли худ ва ҳамаи касоне ки ба онҳо ҳамроҳ мешаванд, ба таври мансухнопазир гирифтанд, ки он ду рӯзро бар тибқи он чи дар бораи онҳо навишта шудааст, ва бар тибқи замоне ки барои онҳо таъин гардидааст, ҳар сол ид кунанд,
28Ва он рӯзҳо дар ҳар насл, қабила, вилоят ва шаҳр ёдоварӣ ва ид карда шавад, ва ин рӯзҳои пурим аз миёни яҳудиён мансух нагардад, ва зикри онҳо аз наслашон нест нашавад.
29Бинобар ин Эстери малика, духтари Абиҳоил, ҳамроҳи Мордахаи яҳудӣ бо тамоми қатъият навишт, ки ин номаи дуюмро дар бораи пурим риоя намоянд.
30Ва Мордахай ба ҳамаи яҳудиён, ба саду бисту ҳафт вилояти мамлакати Аҳашверӯш, мактубҳо бо суханони саломатӣ ва садоқат фиристод,
31То ки ин рӯзҳои пуримро дар замони онҳо риоя намоянд, чунон ки барояшон Мордахаи яҳудӣ ва Эстери малика барқарор кардаанд, ва чунон ки худашон барои худ ва барои насли худ айёми рӯзадориҳо ва фиғонашонро муқаррар намудаанд.
32Ва бо амри Эстер ин суханони оид ба пурим тасдиқ гардида, дар китоб навишта шуд.
Actualmente seleccionado:
Эстер 9: KM92
Destacar
Copiar
Comparar
Compartir
¿Quieres guardar tus resaltados en todos tus dispositivos? Regístrate o Inicia sesión
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.