Logo de la Biblia App
Ícono Búsqueda

Эстер 1

1
БОБИ ЯКУМ
Аҳашверӯш Ваштии маликаро рад мекунад.
1Ва воқеъ шуд дар айёми Аҳашверӯш, — ҳамон Аҳашверӯш, ки аз Ҳинд то Ҳабаш бар саду бисту ҳафт вилоят подшоҳӣ мекард, —
2Дар он айём, ки подшоҳ Аҳашверӯш бар тахти хисравии худ дар Шушани пойтахт нишаста буд,
3Ва дар соли сеюми подшоҳии худ ӯ барои ҳамаи мирон ва маъмуронаш базм барпо кард, ва сипоҳиёни Форс ва Модай, аъёну ашроф ва ҳокимони вилоятҳо дар ҳузури ӯ буданд,
4Дар сурате ки ӯ айёми зиёде, саду ҳаштод рӯз, сарвату ҷалоли хисравии худ ва шаъну шавкати бузургии худро нишон медод.
5Ва чун он рӯзҳо ба итмом расид, подшоҳ барои тамоми қавме ки дар Шушани пойтахт аз бузург то хурд ҳозир буданд, дар саҳни боғи қасри подшоҳ базми ҳафтрӯза барпо кард.
6Пардаҳо аз матои маҳини сафед ва лоҷвард бо риштаҳои катони сафед ва арғувон бар ҳалқаҳои нуқра ва сутунҳои мармар овезон буд; катҳои тилло ва нуқра бар фарше аз мармари сабз, сиёҳ, садафгун ва сурх истода буд.
7Ва нӯшокиҳо дар зарфҳои тилло буд, ва зарфҳо аз зарфҳои гуногуншакл иборат буд; ва шароби хисравӣ мувофиқи ҳиммати подшоҳ фаровон буд;
8Ва шаробнӯшӣ ба муддаои табъ буд: касеро маҷбур намекарданд, зеро подшоҳ ба ҳамаи маъмурони хонаи худ амр фармуда буд, ки ба дилхоҳи ҳар кас амал кунанд.
9Ваштии малика низ дар хонаи хисравии подшоҳ Аҳашверӯш базме барои занон барпо кард.
10Дар рӯзи ҳафтум, вақте ки подшоҳ аз шароб дилхуш шуд, ба Меҳумон, Бизто, Ҳарбӯно, Бинто, Абанто, Зетар ва Каркас — ҳафт хоҷасарое ки ба хузури подшоҳ Аҳашверӯш хизмат мекарданд, — амр кард,
11Ки Ваштии маликаро бо афсари хисравӣ ба ҳузури подшоҳ биёваранд, то ки зебоии варо ба қавмон ва мирон нишон диҳад, зеро ки вай хушрӯй буд.
12Вале Ваштии малика бо амре ки подшоҳ ба воситаи хоҷасароён фармуда буд, нахост биёяд, ва подшоҳ бағоят хашмгин шуда, ғазабаш андаруни ӯ аланга зад.
13Ва подшоҳ ба ҳакимони донандаи таворих гуфт, чунки равиши подшоҳ ин буд, ки бо ҳамаи донандагони қонун ва ҳуқуқ машварат кунад.
14Ва муқаррабони ӯ Каршено, Шетор, Адмото, Таршиш, Мерес, Марсено ва Мемухон буданд, ки ин ҳафт мири Форс ва Модай чеҳраи подшоҳро медиданд ва дар сафи аввали назди тахти хисравӣ менишастанд:
15«Аз рӯи қонун ба Ваштии малика чӣ бояд кард барои он ки вай амреро, ки подшоҳ Аҳашверӯш ба воситаи хоҷасароён фармуд, ба ҷо наовард?»
16Ва Мемухон ба ҳузури подшоҳ ва мирон гуфт: «Ваштии малика на танҳо бар зидди подшоҳ гуноҳкор шуд, балки низ бар зидди ҳамаи мирон ва бар зидди ҳамаи қавмоне ки дар ҳамаи вилоятҳои подшоҳ Аҳашверӯш мебошанд,
17Чунки рафтори малика дар миёни ҳамаи занон овоза шуда, шавҳарҳошон дар назарашон беқадр хоҳанд шуд, ва онҳо хоҳанд гуфт: „Подшоҳ Аҳашверӯш амр кард, ки Ваштии маликаро ба ҳузури ӯ биёваранд, вале вай наомад“.
18Ва имрӯз хонумҳои Форс ва Модай, ки рафтори маликаро шуниданд, ба ҳамаи мирони подшоҳ чунин хоҳанд гуфт, ва ин боиси таҳқир ва хашми зиёде хоҳад шуд.
19Агар подшоҳ салоҳ донад, бигзор амри хисравонае аз ҷониби ӯ навишта, дар Форс ва Модай ба таври мансухнопазир ба ҳукми қонун дароварда шавад, ки Ваштӣ дигар ба ҳузури подшоҳ Аҳашверӯш наояд, ва подшоҳ унвони хисравонаи варо ба зани дигаре ки аз вай беҳтар бошад, бидиҳад.
20Ва фармони подшоҳ ба самъи мардум расида, дар тамоми мамлакати ӯ, ҳарчанд ки азим аст, асар хоҳад бахшид, ва ҳамаи занон ба шавҳарҳои худ аз бузург то хурд қадрдонӣ хоҳанд кард».
21Ва ин сухан дар назари подшоҳ ва мирон писанд афтод, ва подшоҳ аз рӯи сухани Мемухон амал кард.
22Ва мактубҳо ба ҳамаи вилоятҳои подшоҳ, ба ҳар вилоят бо хати он ва ба ҳар қавм бо забони он равона кард, то ки ҳар мард бо забони қавми худ сухан ронда, дар хонаи худ ҳукмфармо бошад.

Actualmente seleccionado:

Эстер 1: KM92

Destacar

Copiar

Comparar

Compartir

None

¿Quieres guardar tus resaltados en todos tus dispositivos? Regístrate o Inicia sesión

Video de Эстер 1