YouVersion Logo
Search Icon

Инҷили Матто 4

4
БОБИ ЧОРУМ
Озмоиши Исо.
1Он гоҳ Рӯҳ Исоро ба биёбон бурд, то ки Ӯро иблис биозмояд,
2Ва чил шабонарӯз рӯза дошта, ниҳоят гурусна монд.
3Ва озмоишкунанда назди Ӯ омада, гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, ба ин сангҳо бигӯй, ки нон шаванд».
4Дар ҷавоб гуфт: «Навишта шудааст, ки „одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар калимае ки аз даҳони Худо барояд“».
5Пас иблис Ӯро ба шаҳри муқаддас гирифта бурд ва бар кунгураи маъбад гузошт,
6Ва ба Ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, Худро ба зер андоз; зеро ки навишта шудааст:
„Ба фариштагони Худ дар бораи Ту амр ҳоҳад дод,
ва Туро бар кафҳои худ бардошта хоҳанд бурд,
ки мабодо пои Худро ба санге бизанӣ“».
7Исо ба вай гуфт: «Ҳамчунин навишта шудааст: „Худованд Худои худро наозмой“».
8Боз иблис Ӯро ба кӯҳи бисьёр баланде бардошта бурд ва ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон ва ҷалоли онҳоро ба Ӯ нишон дод,
9Ва ба Ӯ гуфт: «Агар рӯй ба замин ниҳода, ба ман саҷда кунӣ, ҳамаи онҳоро ба Ту медиҳам».
10Он гоҳ Исо ба вай гуфт: «Аз Ман дур шав, эй шайтон; зеро ки навишта шудааст: „Ба Худованд Худои худ саҷда кун ва танҳо Ӯро ибодат намо“».
11Пас иблис Ӯро вогузошт, — ва инак, фариштагон омада, Ӯро парасторӣ карданд.
Исо ба Кафарнаҳум омада,
ба хизматгузории ҷамъиятӣ шурӯъ менамояд.
12Чун Исо шунид, ки Яҳьё дастгир шудааст, ба Ҷалил равона шуд.
13Ва Носираро тарк карда, дар Кафарнаҳум, ки дар канори баҳр аст, дар ҳудуди Забулун ва Нафтолӣ маскан гирифт,
14То ба амал ояд каломе ки бо забони Ишаъёи набӣ гуфта шудааст:
15«Замини Забулун ва замини Нафтолӣ,
дар роҳи канори баҳр,
он тарафи Урдун, Ҷалили халқҳо,
16Қавме ки дар торикӣ мезистанд,
нури азиме диданд,
ва бар онҳое ки дар кишвари марг ва сояи он менишастанд,
нуре дурахшид».
17Аз ҳамон вақт Исо ба мавъиза оғоз намуд ва гуфт: «Тавба кунед, зеро ки Малакути Осмон наздик аст».
Ба хизматгузорӣ даъват кардани Петрус ва Андриёс.
18Ва чун аз канори баҳри Ҷалил мегузашт, ду бародарро: Шимъӯнро, ки Петрус меномиданд, ва бародари ӯ Андриёсро дид, ки дар баҳр тӯр меандохтанд; зеро ки сайёди моҳӣ буданд;
19Ва ба онҳо гуфт: «Маро пайравӣ кунед, ва Ман шуморо сайёди мардум гардонам».
20Дарҳол онҳо тӯрҳои худро монда, аз паи Ӯ равона шуданд.
Даъват кардани Яъқуб ва Юҳанно.
Фаъолияти Исо дар тамоми Ҷалил.
21Чун аз он ҷо гузашт, ду бародари дигарро, Яъқуб ибни Забдой ва бародари вай Юҳанноро дид, ки дар қаиқ бо падари худ Забдой тӯрҳои худро таъмир мекарданд, ва онҳоро даъват намуд.
22Ва онҳо дарҳол қаиқ ва падари худро гузошта, аз паи Ӯ равона шуданд.
23Ва Исо дар тамоми Ҷалил мегашт ва дар куништҳои онҳо таълим дода, Инҷили Малакутро мавъиза мекард ва ҳар беморӣ ва ҳар дарди мардумро шифо мебахшид.
24Ва овозаи Ӯ дар тамоми Сурия паҳн шуд; ва ҳамаи беморонро, ки ба дарду касалиҳои гуногун гирифтор буданд, ҳам девонагон, ҳам масрӯон ва ҳам мафлуҷонро назди Ӯ меоварданд, ва Ӯ онҳоро шифо мебахшид.
25Ва мардуми бисьёре аз Ҷалил, Декаполис, Ерусалим, Яҳудо ва он тарафи Урдун аз паи Ӯ равона буданд.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy