Ибтидо 1
КМО
1
Офариниш
1Дар ибтидо Худо замину осмонро офарид. 2Замин бешаклу холӣ буд ва оби уқёнус рӯйи тамоми заминро мепӯшонд. Ҳама ҷоро торикӣ фаро гирифта буд ва Рӯҳи Худо бар рӯйи об парвоз мекард.
3Худо гуфт: «Рӯшноӣ шавад» ва рӯшноӣ ба вуҷуд омад. 4Худо дид, ки рӯшноӣ хуб аст ва онро аз торикӣ ҷудо кард. 5Худо рӯшноиро «рӯз» ва торикиро «шаб» номид. Шом омад, субҳ дамид ва ин рӯзи аввал буд.
6Сипас Худо гуфт: «Байни обҳо фазое бошад, то ки обҳоро аз ҳамдигар ҷудо кунад» 7ва ҳамин тавр шуд. Худо фазоро офарид ва оби поини фазоро аз оби болои он ҷудо намуд. 8Ӯ фазоро «осмон» номид. Шом омад, субҳ дамид ва ин рӯзи дуюм буд.
9Худо гуфт: «Оби зери фазо дар як ҷо ҷамъ шаваду хушкӣ намудор гардад» ва ҳамин тавр шуд. 10Ӯ хушкиро «замин» ва оби ҷамъшударо «баҳр» номид. Худо дид, ки ин хуб аст.
11Сипас Худо гуфт: «Замин ҳама гуна наботот, ба мисли растаниҳои тухмидор, инчунин дарахтонеро, ки мувофиқи навъашон меваҳои донадор медиҳанд, бирӯёнад» ва ҳамин тавр ҳам шуд. 12Замин наботот, ба мисли растаниҳое, ки мувофиқи навъашон тухмӣ медиҳанд ва дарахтоне, ки мувофиқи намудашон меваҳои донадор ба бор меоранд, рӯёнид. Худо дид, ки ин хуб аст. 13Шом омад, субҳ дамид ва ин рӯзи сеюм буд.
14Баъд Худо гуфт: «Дар фазои осмон нурпошандаҳо бошанд, то ки рӯзро аз шаб ҷудо карда, ҳамчун аломатҳо барои нишон додани фаслу рӯзу сол хизмат кунанд. 15Бигзор онҳо аз фазои осмон дурахшида, заминро равшан гардонанд» ва ҳамин тавр шуд. 16Худо ду нурпошандаи бузургро офарид: яке бузургтар барои идора намудани рӯз ва дигаре хурдтар барои идора намудани шаб. Ӯ инчунин ситораҳоро офарид. 17Худо онҳоро дар фазои осмон гузошт, то ки ба замин рӯшноӣ диҳанд, 18шабу рӯзро идора кунанд ва рӯшноиро аз торикӣ ҷудо намоянд. Худо дид, ки ин хуб аст. 19Шом омад, субҳ дамид ва ин рӯзи чорум буд.
20Сипас Худо гуфт: «Об аз ҷонварҳо пур шавад ва парандаҳо дар рӯйи замин дар фазои осмон парвоз кунанд». 21Ҳамин тавр Худо ҷонварҳои бузурги баҳрӣ, ҳама намуди ҷонваронеро, ки дар об зиндагиву ҳаракат мекунанд ва ҳама намуди парандаҳои болдорро офарид. Худо дид, ки ин хуб аст. 22Ӯ онҳоро баракат дода, гуфт: «Сернасл ва сершумор гардида, оби баҳрҳоро пур кунед. Инчунин парандаҳо дар рӯйи замин зиёд шаванд». 23Шом омад, субҳ дамид ва ин рӯзи панҷум буд.
24Худо гуфт: «Замин ҳама гуна ҷонварҳоро ба вуҷуд оварад, ба мисли чорво, хазандаҳо, ҳайвоноти ваҳшӣ» ва ҳамин тавр ҳам шуд. 25Худо ҳар намуд ҳайвони ваҳшӣ, чорво ва хазандаро офарид. Худо дид, ки ин хуб аст.
26Сипас Худо гуфт: «Одамро мисли Мо ва ба монанди Мо биофарем. Онҳо бар моҳиёни баҳр, парандаҳои осмон, чорво, тамоми замин ва тамоми хазандаҳо ҳукмрон бошанд». 27Худо одамро ба мисли Худ офарид. Ба мисли Худ Худо одамро офарид, онҳоро марду зан офарид.
28Худо онҳоро баракат дода гуфт: «Сернасл ва сершумор шавед. Заминро пур намуда, онро таҳти фармони худ дароред. Бар моҳиёни баҳр, парандаҳои осмон ва ҳама ҳайвоноте, ки дар рӯйи замин ҳаракат мекунанд, ҳукмрон бошед».
29Баъд Худо суханашро давом дода гуфт: «Ҳар растании тухмдори рӯйи тамоми замин ва ҳар дарахти мевадорро барои хӯрок ба шумо додаам. 30Ҳамчунин ба ҳама ҳайвоноти рӯйи замин, парандаҳои осмон, хазандаҳо, яъне ҳама ҷонвароне, ки нафас мекашанд, Ман ҳама гуна растаниро барои хӯрок додаам». Ҳар чи Худо гуфт, ҳамон шуд.
31Худо ҳар он чиро, ки офарид аз назар гузаронд ва ҳамааш бисёр хуб буд. Шом омад, субҳ дамид ва ин рӯзи шашум буд.

© 2016, ҳуқуқи моликият ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад.

Tìm hiểu thêm về Китоби муқаддаси оммафаҳм