Инҷили Матто 5

5
БОБИ ПАНҶУМ
Мавъизаи болои кӯҳ.
Аҳкоми хушбахтӣ.
1Чун мардумро дид, бар фарози кӯҳе баромад ва биншаст; ва шогирдонаш назди Ӯ ҳозир шуданд.
2Он гоҳ Ӯ даҳони Худро кушода, онҳоро таълим дод ва гуфт:
3«Хушо мискинони рӯҳ, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост.
4Хушо мотамзадагон, зеро ки онҳо тасаллӣ хоҳанд ёфт.
5Хушо ҳалимон, зеро ки онҳо вориси замин хоҳанд шуд.
6Хушо гуруснагон ва ташнагони адолат, зеро ки онҳо сер хоҳанд шуд.
7Хушо раҳимон, зеро ки онҳо раҳм хоҳанд ёфт.
8Хушо покдилон, зеро ки онҳо Худоро хоҳанд дид.
9Хушо сулҳҷӯён, зеро ки онҳо фарзандони Худо хонда хоҳанд шуд.
10Хушо таъқибшудагон дар роҳи адолат, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост.
11Хушо шумо, вақте ки шуморо ба хотири Ман дашном диҳанд ва таъқиб намоянд ва барноҳақ ҳар навъ ғайбат кунанд.
12Шод ва хушҳол бошед, чунки мукофоти шумо дар осмон бузург аст: зеро ки анбиёи пеш аз шуморо низ ҳамин тавр таъқиб мекарданд.
Вазифаи имондорон дар ҷаҳон.
13Шумо намаки ҷаҳон ҳастед. Лекин агар намак қувваташро гум кунад, ба кадом чиз боз намакин шавад? Дигар ҳеҷ кор намеояд, ҷуз он ки ба берун партофта шавад ва поймоли мардум гардад.
14Шумо нури ҷаҳон ҳастед. Шаҳре ки бар фарози кӯҳ воқеъ аст, наметавонад аз назар пинҳон шавад.
15Шамъро низ даргиронда, на дар зери зарфе, балки бар шамъдон мегузоранд, ва он гоҳ ба ҳама касоне ки дар хонаанд, рӯшноӣ медиҳад.
16Ҳамчунин бигзор нури шумо бар мардум битобад, то ки аъмоли неки шуморо дида, ба Падари шумо, ки дар осмон аст, ҳамду сано хонанд.
Муносибати Исо ба Таврот.
17Гумон накунед, ки барои вайрон кардани Таврот ё суҳафи анбиё омадаам; наомадаам, ки вайрон кунам, балки ба ҷо оварам.
18Зеро ки ба ростӣ ба шумо мегӯям: то осмон ва замин фано нашавад, ҳеҷ як ҳарфе ва ё нуқтае аз Таврот ба фано нахоҳад рафт, то даме ки ҳамааш иҷро шавад.
19Пас, ҳар кӣ яке аз ин аҳкоми хурдтаринро вайрон кунад ва ба мардум чунин таълим диҳад, вай дар Малакути Осмон хурдтарин шумурда хоҳад шуд; вале ҳар кӣ ба амал оварад ва таълим диҳад, вай дар Малакути Осмон бузург хонда хоҳад шуд.
20Зеро ки ба шумо мегӯям: агар адолати шумо аз адолати китобдонон ва фарисиён бартарӣ надошта бошад, ба Малакути Осмон дохил нахоҳед шуд.
Ҳукми шашум.
21Шунидаед, ки ба қадимиён гуфта шудааст: „Қатл накун; ҳар кӣ қатл кунад, лоиқи ҳукми дорулқазо хоҳад буд“.
22Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба бародари худ беҳуда хашм гирад, лоиқи ҳукми дорулқазо хоҳад буд; ҳар кӣ бародари худро „реқо“#5:22 реқо — бемулоҳиза, сабукмағз. гӯяд, лоиқи ҳукми шӯрои пирон хоҳад буд; ва ҳар кӣ „аҳмақ“ гӯяд, лоиқи оташи дӯзах хоҳад шуд.
23Пас, ҳангоме ки қурбонии худро назди қурбонгоҳ меоварӣ, ва дар он ҷо ба хотират ояд, ки бародарат аз ту норозист,
24Қурбонии худро дар он ҷо назди қурбонгоҳ бимон, ва рафта, аввал бо бародари худ мувосо кун, ва баъд омада, қурбонии худро тақдим кун.
25Ханӯз ки бо даъвогари худ дар роҳ ҳастӣ, зуд бо вай оштӣ шав, то ки даъвогар туро ба қозӣ насупорад, ва қозӣ туро ба мулозим насупорад, ва туро ба зиндон наандозанд;
26Ба ростӣ ба ту мегӯям: то фулуси охиринро адо накунӣ, аз он ҷо берун нахоҳӣ рафт.
Ҳукми ҳафтум.
27Шунидаед, ки ба қадимиён гуфта шудааст: „Зино накун“.
28Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба зане бо чашми шаҳватомез нигоҳ кунад, дар дили худ бо вай зино карда бошад.
29Пас агар чашми ростат туро ба васваса андозад, онро канда, аз худ дур кун; зеро барои ту беҳтар аст, ки яке аз андомат талаф гардад, ва тамоми ҷисмат ба дӯзах андохта нашавад.
30Ва агар дасти ростат туро ба васваса андозад, онро бурида, аз худ дур кун; зеро барои ту беҳтар аст, ки яке аз андомат талаф гардад, ва тамоми ҷисмат ба дӯзах андохта нашавад.
Исо дар бораи талоқ.
31Ҳамчунин гуфта шудааст: „Ҳар кӣ аз зани худ ҷудо мешавад, бояд талоқномае ба вай диҳад“.
32Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ аз зани худ, ғайр аз айби зино, ҷудо шавад, боиси зинокории вай мегардад; ва ҳар кӣ зани талоқшударо гирад, зино карда бошад.
Исо дар бораи қасам.
33Боз шунидаед, ки ба қадимиён гуфта шудааст: „Қасами дурӯғ ёд накун ва ба қасами худ дар назди Худованд вафо кун“.
34Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳаргиз қасам ёд накун: на ба осмон, зеро ки тахти Худост;
35На ба замин, чунки пойандози Ӯст; на ба Ерусалим, чунки шаҳри Подшоҳи бузург аст;
36Ва на ба сари худ қасам ёд кун, чунки қодир нестӣ як тори мӯйро сафед ё сиёҳ кунӣ.
37Балки сухани шумо: „оре, оре“ ва „не, не“ бошад; он чи зиёда аз ин бошад, аз иблис аст.
Ғалаба бар адоват ба воситаи муҳаббат.
38Шунидаед, ки гуфта шудааст: „Чашме дар ивази чашме, дандоне дар ивази дандоне“.
39Лекин Ман ба шумо мегӯям: ба бадӣ муқобилат накун. Балки агар касе ба рухсораи рости ту торсакӣ занад, дигарашро низ ба сӯи ӯ бигардон;
40Ва агар касе ба ту даъво карда, куртаатро гирифтанӣ шавад, ҷомаи худро низ ба ӯ бидеҳ;
41Ва ҳар кӣ туро ба тай кардани як фарсанг роҳ маҷбур кунад, ҳамроҳи ӯ ду фарсанг бирав.
42Ба касе ки аз ту металабад, бидеҳ, ва аз касе ки мехоҳад аз ту қарз гирад, рӯ нагардон.
43Шунидаед, ки гуфта шудааст: „Ёри худро дӯст бидор ва аз душмани худ нафрат кун“.
44Лекин Ман ба шумо мегӯям: душманони худро дӯст бидоред, барои лаънаткунандагони худ баракат бихоҳед, ба нафраткунандагони худ некӣ кунед ва барои озордиҳандагону таъқибкунандагони худ дуо гӯед,
45То ки фарзандони Падари худ, ки дар осмон аст, гардед; зеро Ӯ офтоби Худро бар бадону некон тулӯъ мекунонад ва борон бар одилону золимон меборонад.
46Зеро ки агар дӯстдорандагони худро дӯст бидоред, чӣ мукофоте хоҳед ёфт? Оё боҷгирон низ чунин намекунанд?
47Ва агар танҳо ба бародарони худ салом гӯед, чӣ бартарие доред? Оё боҷгирон низ чунин намекунанд?
48Пас, комил бошед, чунон ки Падари шумо, ки дар осмон аст, комил аст».

Выделить

Поделиться

Копировать

None

Хотите, чтобы то, что вы выделили, сохранялось на всех ваших устройствах? Зарегистрируйтесь или авторизуйтесь

YouVersion использует файлы cookie, чтобы персонализировать ваше использование приложения. Используя наш веб-сайт, вы принимаете использование нами файлов cookie, как описано в нашей Политике конфиденциальности