Logo de la Biblia App
Ícono Búsqueda

2 Қӯринтиён* 4

4
Ганҷи бузург дар кӯзаҳои лойин
1Бинобар ин, азбаски Худо аз рӯйи раҳму шафқаташ ба мо чунин хизматро додааст, мо ҳаргиз рӯҳафтода намешавем. 2Мо ҳама амалҳои пинҳони шармоварро рад мекунем. Мо касеро фиреб намедиҳем ё паёми Худоро нодуруст маънидод намекунем. Баръакс, дар ҳузури Худо ҳақиқатро ошкоро мегӯем ва ҳамин тавр одамони боваринок буданамонро ба ҳама нишон медиҳем. 3Ҳатто агар хушхабаре, ки мо эълон мекунем, барои ягон кас пинҳон бошад, он фақат барои ҳалокшавандагон пинҳон аст. 4Шайтон, ки худои ин ҷаҳон аст, зеҳни беимононро тира кардааст. Бино бар ин, зеҳни онҳо бо нури хушхабар дар бораи Исои Масеҳи пурнур, ки аз ҳар ҷиҳат мисли Худост, равшан намешавад. 5Мо на худро, балки Исои Масеҳро эълон мекунем, ки Ӯ Худованд аст ва мо ба хотири Исо ба шумо хизмат мекунем. 6Зеро Худое, ки дар вақти офаридани дунё дар торикӣ «Рӯшноӣ шавад»,#4:6 Ибтидо 1:3 гуфтааст, бо нураш фикрҳои моро низ равшан кардааст, то ки мо шукӯҳу бузургии Ӯро, ки дар рӯйи Исои Масеҳ аст, бифаҳмем.
7Мо ки фақат ба монанди кӯзаҳои лойин ҳастем, ин дониши илоҳиро ҳамчун ганҷ дар худ нигоҳ медорем. Аз ин маълум мешавад, ки қуввати бузург на аз тарафи мо, балки аз тарафи Худо меояд. 8Ба мо аз ҳар тараф фишор меоранд, лекин мо мағлуб нашудаем. Илоҷе надорем, лекин рӯҳафтода ҳам намешавем. 9Моро дунболагирӣ мекунанд, лекин Худо моро тарк намекунад. Моро аз пой афтондаанд, лекин нобуд нашудаем. 10Мо ҳамеша дар баданамон марги Исоро бардошта мегардем, то ки ҳаёти Ӯ дар баданамон низ зоҳир шавад.
11Мо зиндагон ҳамеша ба хотири Исои Масеҳ зери хатари марг ҳастем, то ки зинда будани Исо дар бадани мирандаи мо маълум гардад. 12Аз ин рӯ, мо бо маргу азоб рӯ ба рӯ мешавем, то ки шумо ҳаёт ёбед.
13Дар навиштаҷот омадааст: «Азбаски имон доштам, сухан гуфтам»#4:13 Забур 115:1. Азбаски мо ҳам ҳамин гуна имон дорем, мо низ паёми Худоро нақл кардан мегирем. 14Зеро медонем ҳамон Худое, ки Худованд Исоро зинда кард, моро низ ҳамроҳи Исо зинда намуда, бо шумо ба ҳузураш мебарад. 15Ҳамаи ин барои манфиати шумо аст, то ки файзу меҳрубонии Худо барои одамон бештару бештар гардад ва барои шукӯҳу бузургии Худо шукргузорӣ низ зиёд шавад.
Имон ба Худованд
16Барои ҳамин мо ҳаргиз рӯҳафтода намешавем. Ҳарчанд намуди зоҳирии мо, яъне баданҳоямон фарсуда шудан гирад ҳам, олами дарунии мо рӯз ба рӯз нав мешавад. 17Зеро ранҷу азоби ҳозираи мо ночиз ва зудгузар аст. Аммо он барои мо чунон шукӯҳу бузургие меорад, ки аз ранҷу азоб беҳад бузургтар аст ва абадӣ мемонад. 18Мо на ба чизҳое, ки мебинем, балки ба чизҳое, ки намебинем, чашм дӯхтаем. Зеро чизҳои заминӣ, ки дида мешаванд, муваққатӣ ҳастанд, вале чизҳои осмонӣ, ки дида намешаванд, абадианд.

Actualmente seleccionado:

2 Қӯринтиён* 4: KMO

Destacar

Copiar

Comparar

Compartir

None

¿Quieres tener guardados todos tus destacados en todos tus dispositivos? Regístrate o inicia sesión