YouVersion Logo
Search Icon

Суруди Сурудҳо 8

8
БОБИ ҲАШТУМ
Садоқатмандии абадии пайвандшудагон.
1Кошки ту барои ман бародаре
ки пистонҳои модари маро макидааст, мебудӣ!
Он гоҳ, дар берун бо ту вохӯрда, туро мебӯсидам,
ва маро мазаммат намекарданд;
2Барои ту роҳбалад мешудам ва туро
ба хонаи модарам меовардам, ки вай маро таълим додааст;
туро аз шароби дорувордор, аз шарбати анори худ менӯшонидам.
3Дасти чапаш дар таги сари ман аст,
ва дасти росташ маро ба оғӯш мекашад.
4Эй духтарони Ерусалим!
Шуморо қасам медиҳам,
ки маҳбубамро, то вақте ки худаш хоҳад,
бедор накунед ва аз хоб нахезонед.
5Ин кист, ки аз биёбон, бар маҳбуби худ такья карда,
сууд менамояд?
Дар таги дарахти себ туро бедор кардам;
он ҷо модарат туро зоидааст.
6Маро мисли мӯҳре бар дили худ,
мисли мӯҳре бар бозуи худ бигузор;
зеро ки муҳаббат мисли марг пурзӯр аст,
ва рашки он мисли дӯзах бераҳм аст;
барқҳои он барқҳои оташ аст,
алангаи илоҳист.
7Обҳои бисьёр наметавонад муҳаббатро хомӯш кунад,
ва наҳрҳо наметавонад онро фурӯ нишонад.
Агар касе тамоми сарвати хонаи худро барои
муҳаббат бидиҳад,
аз ӯ албатта нафрат хоҳанд кард.
8Моро хоҳари хурде ҳаст,
Ва ӯ пистон надорад;
бо хоҳари худ чӣ кор кунем,
вақте ки ӯро хостгор шаванд?
9Агар ӯ ҳисор мебуд,
назди ӯ кӯшки нуқра бино мекардем;
ва агар ӯ дарвоза мебуд,
бар вай ғалақае аз чӯби арз мехкӯб мекардем.
10Ман ҳисор ҳастам, ва пистонҳоям мисли бурҷҳост;
бинобар ин дар назари ӯ мисли чашмаи саодат будам.
11Сулаймон токзоре дар Баал‐Ҳамӯн дошт;
токзорро ба дидбонон супурд;
ҳар кас барои меваи он ҳазор нуқра медод.
12Аммо токзори ман назди ман аст.
Барои ту, эй Сулаймон, ҳазор,
ва барои дидбонони меваи он дусад хоҳад буд.
13Эй он ки дар боғот менишинӣ!
Рафиқон ба овози ту гӯш медиҳанд;
онро ба ман бишнавон!
14Бигрез, эй маҳбуби ман!
Ва мисли оҳу ё барраи ғизолон
бар кӯҳҳои атриёт бош.

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in