Матто 1
КМО
1
Авлоду аҷдодони Исои Масеҳ
1Аҷдодони Исои Масеҳ, ки аз насли шоҳ Довуд ва аз насли Иброҳим мебошад, инҳоянд:
2-6аАз замони Иброҳим то шоҳ Довуд инҳо гузаштаанд: Иброҳим, писараш Исҳоқ, писари Исҳоқ Ёқуб, писарони Ёқуб Яҳудо ва бародаронаш, писарони Яҳудо Форасу Зораҳ (модари онҳо Томор буд), писари Форас Ҳесрӯн, писари Ҳесрӯн Ром,#1:2–6а Ром — бо забони юнонӣ Арам талаффуз мешавад. писари Ром Аминодоб, писари Аминодоб Наҳшӯн, писари Наҳшӯн Салмӯн, писари Салмӯн Бӯаз (модари ӯ Роҳоб буд), писари Бӯаз Убид (модари ӯ Рут буд), писари Убид Йисой ва писари Йисой шоҳ Довуд.
6б-11Аз шоҳ Довуд замони ба шаҳри Бобил асир шуда рафтани халқи Исроил инҳо гузаштаанд: Довуд, писараш Сулаймон (модари Сулаймон пештара зани Уриё буд), писари Сулаймон Раҳабъом, писари Раҳабъом Абиё, писари Абиё Осо,#1:6б–11 Осо — бо забони юнонӣ Асаф талаффуз мешавад. писари Осо Еҳӯшофот, писари Еҳӯшофот Еҳӯром, писари Еҳӯром Узиё, писари Узиё Ютом, писари Ютом Оҳоз, писари Оҳоз Ҳизқиё, писари Ҳизқиё Менашше, писари Менашше Омӯн,#1:6б–11 Омӯн — тарзи дигари талаффузи ин ном Омӯс аст. писари Омӯн Йӯшиё ва писарони Йӯшиё Еконёву бародаронаш. Дар ин вақт исроилиён асир гашта ба шаҳри Бобил бурда шуданд.
12-16 Аз замони ба Бобил асир шуда рафтани исроилиён то таваллуди Исо инҳо гузаштаанд: Еконё, писараш Шаалтиил, писари Шаалтиил Зарубобил, писари Зарубобил Абиҳуд, писари Абиҳуд Элёқим, писари Элёқим Озур, писари Озур Содӯқ, писари Содӯқ Ёкин, писари Ёкин Элиҳуд, писари Элиҳуд Элъозор, писари Элъозор Маттон, писари Маттон Ёқуб ва писари Ёқуб Юсуф, ки шавҳари Марям буд. Аз Марям Исо таваллуд ёфт, ки Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо номида шуд.
17Инак, аз Иброҳим сар карда то Довуд ҳамагӣ чордаҳ насл ва аз Довуд то замони ба Бобил асир шуда рафтани исроилиён чордаҳ насл ва аз замони асирӣ то таваллуди Масеҳ чордаҳ насл гузаштааст.
Таваллуди Исои Масеҳ
18Таваллуди Исои Масеҳ ин тавр рӯй додааст: Марям, модари Исо, номзади Юсуф буд, аммо пеш аз он ки онҳо зану шавҳар шаванд, дар шиками ӯ бо қудрати Рӯҳи Муқаддас кӯдак пайдо шуд. 19Азбаски Юсуф одами нек буд, нахост, ки Марямро дар пеши мардум ошкор сохта шарманда кунад. Барои ҳамин ӯ ният кард, ки пинҳонӣ аз вай ҷудо шавад. 20Ҳангоме ки ӯ чунин фикр дошт, фариштаи Худованд дар хобаш аён шуда, ба ӯ гуфт: «Эй Юсуфи насли Довуд! Аз гирифтани Марям ба занӣ натарс, чунки ин кӯдак дар шиками вай бо қудрати Рӯҳи Муқаддас пайдо шудааст. 21Ӯ Писаре таваллуд хоҳад кард ва ту ба Ӯ бояд Исо ном гузорӣ, чунки Ӯ халқи худро аз дасти гуноҳҳояшон наҷот хоҳад дод».#1:21 Маънои Исо аз забони ибронӣ «Наҷот» мебошад.
22Ҳамаи ин воқеа барои ба амал омадани гуфтаҳои Худо, ки аллакай ба воситаи пайғамбар пешгӯйӣ шуда буданд, рӯй дод:
23«Духтаре ҳомиладор мешавад
ва Писаре таваллуд мекунад,
ки ба Ӯ Имонуил (Маънои ин ном „Худо бо мо“ аст) ном медиҳанд».
24Вақте Юсуф аз хоб бедор шуд, фармони фариштаи Худовандро иҷро кард, яъне Марямро ба занӣ гирифт. 25Аммо то вақти таваллуд шудани Писар бо Марям ҳамхоба нашуд. Ҳангоме ки Писар таваллуд шуд, Юсуф Ӯро Исо номид.

© 2016, ҳуқуқи моликият ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад.

Learn More About Китоби муқаддаси оммафаҳм