1
Ишаъё 1:18
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
«Биёед исбот намоем, — мегӯяд Худованд, — агар гуноҳҳои шумо мисли қирмиз бошад, мисли барф сафед хоҳад шуд; агар мисли арғувон сурх бошад, мисли пашм хоҳад шуд.
Compare
Explore Ишаъё 1:18
2
Ишаъё 1:19
Агар орзуманд бошед ва бишнавед, неъматҳои заминро хоҳед хӯрд.
Explore Ишаъё 1:19
3
Ишаъё 1:17
Некӯкориро таълим гиред; толиби адлу инсоф бошед; ба мазлум халосӣ диҳед; ба ятим додгарӣ намоед; бевазанро ҳимоят кунед».
Explore Ишаъё 1:17
4
Ишаъё 1:20
Вале агар сар печида, муқобилат кунед, шамшер шуморо хоҳад хӯрд: зеро ки даҳони Худованд чунин мегӯяд».
Explore Ишаъё 1:20
5
Ишаъё 1:16
Шустушӯй кунед, пок шавед; аъмоли бади худро аз чашмони Ман дур созед; аз бадкирдорӣ даст кашед.
Explore Ишаъё 1:16
6
Ишаъё 1:15
Ва ҳангоме ки дастҳои худро дароз мекунед, чашмони Худро аз шумо мепӯшам; дуоро афзун кунед ҳам, намешунавам, чунки дастҳои шумо пур аз хун аст.
Explore Ишаъё 1:15
7
Ишаъё 1:13
Ҳадияи бекора дигар набиёред; бухур барои Ман зишт аст; навмоҳ ва шанбе ва анҷуман низ: ба хабосат ва маҷлиси идона наметавонам тоқат оварам.
Explore Ишаъё 1:13
8
Ишаъё 1:3
Барзагов молики худро, ва хар охури соҳиби худро мешиносад, аммо Исроил намешиносад: қавми Ман фаҳм намекунанд».
Explore Ишаъё 1:3
9
Ишаъё 1:14
Аз навмоҳҳо ва идҳои шумо ҷони Ман нафрат дорад; онҳо барои Ман бори гарон аст, ки аз бардоштанаш тоқатам тоқ шудааст.
Explore Ишаъё 1:14